Дар ДМТ Бонки таълимии «Амонатбонк» ифтитоҳ ёфт
Дар пояи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бонки таълимии «Амонатбонк» ифтитоҳ ёфт.
Ҳадаф аз ташкили бонкӣ таълимӣ пайваст намудани назария бо амалия ва дар ин замина тақвият бахшидани савияи дониши донишҷӯён мебошад.
Бонки таълимӣ бо иштироки ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ва раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ ифтитоз гардид.
Бино ба иттилои раёсати ДМТ, дар ин марказ мутахассисони сатҳи баланд дар соҳаи бонкдорӣ ва молия таълим дода мешаванд, ки дар оянда барои беҳтар гардидани самаранокии фаъолияти ташкилотҳои қарзии дар кишвар амалкунанда хизмат хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ки раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо тамоми сохторҳо ва ташкилоту корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ ба хотири таъмин намудани сифати баланди таълим роҳандозӣ намудааст. Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки то ҳамкориҳои бо идораву корхонаҳои соҳавӣ тақвият ёбад ва ҳамгироии назария ва амалия татбиқ карда шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ