Ҳайати Тоҷикистон дар Британияи Кабир

Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии World Travel Market (WTM) дар Британияи Кабир иштирок намуданд.  

Ин намоишгоҳ 6 — уми ноябр оғоз ёфта, то 8 ноябр идома меёбад. Дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода шомил аст.

Дар доираи намоишгоҳи мазкур мулоқоти ректори донишгоҳ бо намояндагони Мактаби менеҷменти меҳмондорӣ ва сайёҳии Донишгоҳи политехникии Гонконг сурат гирифт. Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи фаъолияти муассисаҳо баррасӣ гардиданд.

Инчунин, дар доираи сафари мазкур бо ширкатҳои маъруфи ҷаҳонии самти сайёҳӣ ва меҳмондорӣ мулоқот анҷом дода шуд.

Дар ҷараёни гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо донишҷӯёнро аз рӯйи ихтисосу самтҳои дахлдор ба таҷрибаомӯзӣ ва таҷрибаивазкунӣ, ҳамзамон дар оянда ба кор фаро гиранд.

Гуфта мешавад, ки дар доираи ин намоишгоҳи байналмилалӣ вохӯрии раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо намояндагони муассисаҳои таълимии Британияи Кабир низ ба нақша гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *