Дар Душанбе бояд маркази зардуштӣ бунёд шавад! (видео)
Пас аз марги Одина Шоҳӣ — охирин пайрави дини зардуштӣ дар Тоҷикистон, журналист Абдуқодири Абдуқаҳҳор расман пайрави ин оин буданашро эълон кард. Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки тасмим дорад Маркази зардуштиёни Тоҷикистонро таъсис бидиҳад. Бо Абдуқодири Абдуқаҳҳор (Талбаков) суҳбате доштем, ки фишурдаи онро манзури шумо мекунем.
— Аз ин ба баъд ному насаби ман Ориёнмеҳр Зардушт аст. Зардушт номам, Ориёнмеҳр насабам,- гуфт дар оғози суҳбат Абдуқодири Абдуқаҳҳор ва таъкид кард, ки шиносномаашро бо ин ному насаб рӯзҳои наздик ба даст меорад.
— Расонаҳо навиштанд, ки охирин зардуштии Тоҷикистон Одина Шоҳиро дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин тибқи анъанаҳои мусалмонӣ ҷаноза кардаанд…
— Ҳукумати ноҳия асли қазияро пинҳон медорад. То ҷое иттилоъ дорам, муллои масҷиди ҷомеъ, ки марҳум он ҷо зиндагӣ мекард, аз хондани ҷаноза сарпечӣ кардааст ва ин маросимро муллои дигар маҳалла гузаронидааст. Ҳол он ки, бобои Одина, ки устои дуредгар буд, ҳамаи корҳои чӯбии сохтмони масҷиди ҷомеъи ноҳияро ройгон анҷом додааст. Ҳамин аст, ки мардум ба ӯ муносибати нек доштанд. Ин дар ҳолест, ки марҳум дархости ҷаноза накардааст.
— Шумо ҳам эълон кардед, ки ниёз ба ҷаноза надоред?
— Бале. Ҷисми мо ба Худованд даркор нест, муҳим руҳи мо, эътиқоду имони мост. Агар ҷасади инсонро наҳанг хӯрад ё ӯ дар оташ бисӯзад, чӣ тавр ӯро ҷаноза мекунанд? То Ислом ҳам 10 миллиард одам беҷаноза дафн шудаанд. Ҷаноза дар ягон дин нест. Ҷаноза — яъне зери хок кардани ҷисм аст. Вақте Қобилу Ҳобил барои хоҳарашон ҷанҷол карданд ва яке дигареро кушт, барои пинҳон кардани гуноҳаш ҷасадро зери хок кард… Дар омади гап, бояд бигӯям, ки баъзе бародарони мусалмон ба зардуштиён туҳмат мезананд, ки никоҳи маҳорим доранд, ҳол он ки, ин аз замони Қобилу Ҳобил аст.
— Чунки дар оғози офариниш интихоби дигар набуд…
— Гап дар сари туҳмат ба сари зардуштиён аст. Ҳол он ки, Зардушт се бор зан гирифтааст, ки аз хонаводаҳои дигар будаанд. Духтарашро ба Ҷомоспи вазир дода, дар тӯяш нӯшбод гуфтааст. Бинобар ин, мавҷудияти никоҳи маҳорим дар “Авасто” нест. Ин туҳмат ба оини зардуштӣ аст. Туҳмати дигар дар масъалаи истифодаи шошаи гов аст. Чӣ, магар араб шошаи гарми шутурро намехӯрад? Ин уринотеропия аст. Он вақтҳо маводҳои зиддивирусӣ набуд. Зардуштиён вақте мурдаро гӯр мекарданд, бо шошаи гов даст мешустанд, ки касалӣ нагузарад. Тамом. Дигар ҳар чӣ мегӯянд, туҳмат аст.
— Шумо чӣ гуна ба оини зардуштӣ рӯй овардед? То ҷойе медонам, падаратон мусалмони тақводор буданд…
— Падари ман 40 сол намозро тарк накард, қазо нахонд. Забони русиро хуб медонист. 4 сол дар сарҳади Афғонистону Тоҷикистон тарҷумонӣ карда, ба русҳо дарси сиёсӣ медод. Дар 27-солагӣ асосҳои исломро омӯхт ва ҳамин тавр, ба хотири тарк накардани намоз аз ҳама кор даст кашид. Ман фарзанди 5-уми падар ҳастам. Аз кӯдакӣ “Қуръон”, ҳадис, “Чаҳоркитоб”, “Заруриёти диния” ва ғайраро омӯхтам. Баъдан, китобҳои осмониро омӯхтам ва дар 40-солагӣ ба хулоса омадам, ки ба Зардуштия мегаравам. Дар ибтидо тарс доштам, аз обрӯйи падар андеша мекардам ва инак, дар 55-солагӣ тасмими ниҳоӣ гирифтам. Аз руҳи падарам узр мепурсам.
— Бори нахуст Зардуштро кай шинохтед?
— Ман аз кӯдакӣ китобхон будам. Китобҳои беҳтарини мактаби деҳа ва ноҳияи Фархорро хондаам. Вақте довталаб шуда ба Душанбе омадам, дар хонаи Бобохон Саттор истодам. Авастошинос Бобоназари Ғаффор дар хонаи ӯ иҷоранишин буд. Дар он ҷо бо китобҳои “Авасто”, “Динкарт” ва намунаҳои осори паҳлавӣ шинос шудам. Хоҳиш кардам, ки ӯ дар бораи Зардуштия ба ман маълумот диҳад. Кӯтоҳакак маълумот дод, вале таъкид кард, ки “ҳоло вақти омӯзиши ту нест, зеро ҷавон ҳастӣ”. Вале ман шуруъ кардам ба омӯзиши Зардуштия. Ман ба Ҷаноби Олӣ сипос мегӯям, ки соли 1996-ро Соли тамаддуни ориёӣ ва соли 2006-ро соли бузургдошти “Авасто” эълон кард, вале ин корро касе давом надод…
— Наздикони шумо, бародарон, ҳамсару фарзандонатон ба тасмими шумо чӣ гуна бархӯрд доранд?
— Вақте падарам даргузаштанд, гуфтанд, ки 9 фарзанд ва китобхонаамро ба ту супоридам. Вақте як шахс дар оила лидер аст, бо ӯ баҳс камтар мешавад. Ман дар сомон додани зиндагии бародаронам саҳм дорам. Якеро оиладор кардам, дигареро хонондам ё ба кор мондам. Бинобар ин, онҳо ба шахсияту ҳувияти ман ҳақи баҳс кардан надоранд. Ҳамсару фарзандони ман мусалмонанд. Писарам Меҳрнӯш ва духтаронам Рухшонаву Ориёна як бор ба рӯйи ман нигоҳ карда нагуфтанд, ки падар, ту чӣ кор мекунӣ? Бинобар ин, ман аз минбари шумо истифода бурда, ба мухолифонам мегӯям: хоҳиш мекунам, ба оилаву фарзандони ман нарасед. Онҳо мусалмонанд, зардуштӣ ман ҳастам. Ният дорам, ки ба наздикӣ хонаам, оташкадаам ва марказамро алоҳида кунам, то ки ба онҳо зарар нарасад.
— Бисёриҳо зардуштӣ ё атеист ҳастанд, вале ақидаҳояшонро эълон намекунанд. Намешуд, ки шумо ҳам пинҳонӣ ба Зардушт пайравӣ кунед?
— Беҳтарин муаллимон, олимон, авастошиносон як умр ҷуръат накарданд, ки муҳаббаташонро ба “Авасто” ошкор кунанд. Дурӯғ зистанд. Вале ман ин рисолатро ба дӯш гирифтам. Дар ҳамаи динҳо беҳтарин нафар он аст, ки сабр кунад, таҳқиру тавҳинро таҳаммул кунад ва ҳатто қурбон шавад. Беҳтарин муҷоҳид ҳамон аст, ки ба хотири ормонаш қурбон шавад. Ман ин роҳро интихоб кардам. Медонам, душманонам зиёданд. Танҳо дар соли гузашта 5 маротиба ба ҷони ман сӯйиқасд шуд. Рӯзе нест, ки тариқи мессенҷер маро беш аз 100 нафар ва дар кӯчаҳои Душанбе 10 нафар ҳақорат накунанд. Аксари ронандагони таксӣ маро савор намекунанд…
— Чӣ лозим аст ба шумо таҳаммули ин ҳама таҳқир?
— Ба хотири Зардушт. Имрӯз дар қаламрави Ориё ягона ҷазираи озодӣ Тоҷикистон аст. Эрон охундӣ, Афғонистон толибӣ, фақат Тоҷикистон озодист. 200 ҳазор зардуштӣ дар ватани худ ҷойи пой надоранд. Талоши ман барои онҳоест, ки аз оини гузаштагонамон пайравӣ мекунанд. Ман амрикоиеро медонам, ки солҳои охир беш аз 200 тоҷикистониро сидра — хилъати зардуштӣ пӯшонидааст. Ин маросим пинҳонӣ дар Тошканд мегузарад.
— Яъне шумо танҳо нестед?
— Не. Танҳо дар ду рӯзи охир беш аз 150 нафар ба ман муроҷиат карданд, ки бо шумоем ва ҳатто бархе нусхаи шиноснома фиристоданд.
— Яке аз дӯстонатон гуфт, ки Абдуқодир ин корро барои шуҳрат мекунад, чун шуҳрати солҳои 90-ум ва 2000-умашро аз даст дод…
— Кадом одам барои шуҳрат худашро куштанӣ аст? Ин ҳарфҳо сафсатта аст. Дар 1500 сол кӣ ҷуръат кард, ки худро муртад эълон карда, ҷонашро дар хатар гузорад?
— Шуморо проекти мақомот ё гуруҳе низ мегӯянд…
— Ба модарам қасам, корманди амният нестам, корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҳам. Проекти касе низ нестам. Ба модари муқаддасам қасам.
— Имкон дорад, ки шуморо қатл мекунанд. Оё роҳе, ки интихоб кардед, арзиши онро дорад?
— Ман барои миллатам ҳамчун журналист ҳар коре аз дастам омад, кардам. Китобҳо ҳам таълифу таҳия кардам. Оилаву фарзанду набера дорам. Ман роҳи худамро интихоб кардам.
— Сарнавишти Рӯдакии Самадӣ — роҳбари зардуштиёни Тоҷикистонро медонед?
— Медонам. Як нафар кушта шуданаш маънои онро надорад, ки дигар кас ин роҳро давом надиҳад…
— Шумо эълон кардед, ки Маркази Зардуштия ташкил мекунед. Он чӣ гуна марказ хоҳад буд ва ҳадаф чист?
— Чаро дар Тоҷикистон маъбаду калисову куништи яҳудиву насоро мавҷуд асту дини аҷдодони мо дар 3 сотих замин ҷо надошта бошад? Соли гузашта беш аз 200 зардуштӣ ба Тоҷикистон омаданд. Дар куҷо намоз гузоранд? Мехоҳам ба ман иҷозат диҳанд, ки марказ кушоям. Ваъда медиҳам, ки ягон мусалмонро маҷбурӣ зардуштӣ намекунам. Дар ягон ноҳия таблиғот намебарам. Ман мехоҳам, ки 200 ҳазор зардуштии ҷаҳонро ба Тоҷикистон ҷалб кунам. Ман даъвои имоматӣ надорам. Банда корҳои ташкилӣ ва идеологиву сиёсии марказро пеш мебарам. Беҳтарин намуна Маркази Исмоилияи Душанбе аст. Ҳам масҷид, ҳам маркази фарҳангӣ, ҳам толоре, ки конфронсу семинар мегузарад. Маркази мо ҳам айнан ҳамин тавр хоҳад шуд…
— Барои таъсиси ҷамъият чӣ корҳоро анҷом додед?
— Оиннома навишта истодаам. Расмиётро ба ҷо оварда, ба Вазорати адлия пешниҳод мекунам.
Мусоҳиб: Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ