садамаи Эрон

Мушовири вазири варзиши Эрон бар асари суқути чархбол ба ҳалокат расид

Исмоил Аҳмадӣ — мушовири вазири варзиши Эрон бар асари суқути чархбол  ба ҳалокат расид.

Раҳмон Ҷалолӣ — муовини волии Кирмон гуфтааст, ки Аҳмадӣ бар асари захмҳои бардоштааш дар суқути чархбол дар ҷануби ин кишвар ба ҳалокат расидааст.

Қаблан расонаи иттилоотии IRNA хабар дода буд, ки чархболи  Ҳомиди Саҷҷодӣ — вазири варзиш ҳангоми фуруд омадан дар назди маҷмааи варзишии шаҳри Бофт, воқеъ дар ҷануби Кирмон суқут кардааст.

Ба  қавли Ҷалолӣ, 12 нафари дигар, аз ҷумла вазири варзиш ҷароҳат бардошта, ҳамаи онҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд. Вазъи онҳо муътадил арзёбӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *