Владимир Путин

Путин созишномаи нафақаро бекор кард. Сабабҳо ва пайомадҳои он чист? (аудио)

Вазорати корҳои хориҷии Русия дар портали расмии худ хабар додааст, ки шуруъ аз 1-уми январи соли 2023 фаъолияти Созишнома дар бораи кафолатҳои ҳуқуқҳои шаҳрвандони давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи таъмини нафақа, ки 13-уми марти соли 1992 дар шаҳри Маскав ба имзо расида буд, қатъ гардидааст.

Тибқи маълумоти ВКХ ФР, 24-уми майи соли гузашта Думаи давлатӣ ин созишномаро бекор эълон кард ва 11-уми июн бошад, президенти Федератсияи Русия Владимир Путин қонуни бекор кардани онро ба имзо расонид.

Коршиносон сабаби аслии бекор кардани ин созишномаро мутобиқат накардани меъёрҳои он ба вазъи кунунӣ арзёбӣ кардаанд.

“Муқаррароти ин созишнома, ки сӣ сол пеш ба ҳукми қонун даромада буд, ба идеология ва принсипҳои асосии системаи нафақагирии кишварҳои ИДМ мувофиқ нест”,- омадааст дар қонуни нав.

Инчунин, он ҷо оварда шудааст, ки мавзуи нафақа характери ҳассос дошта, бинобар ин, хориҷ шудани Русия аз ин созишнома дар шакли қонунӣ ба расмият дароварда шудааст. Зеро ба шаҳрвандони кишварҳои иштирокчӣ имкон дода намешудааст, ки ҳангоми ба нафақа баромадан ҳақи нафақаи худро пурра амалӣ созанд.

Бино ба гуфти коршиносон, чунин иқдом бояд сарфаи маблағҳои буҷетии Фонди нафақаи Русияро таъмин карда, танҳо соли 2023 қариб 2,7 млрд рубл, 2024 — 5,6 млрд рубл ва 2025 — 9,7 млрд рубл аз ин ҳисоб сарфа карда шавад.

Дар робита ба афзоиши муҳоҷирон хароҷот низ афзоиш меёбад. “Ба ин хароҷот нафақаи шаҳрвандони бетаҷриба ё камтаҷрибаи собиқ Шӯравӣ низ дохил мешавад, ки дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳме нагузоштаанд”,- шарҳ додаанд дар Думаи давлатӣ.

Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир корҳои бастани созишномаҳои дуҷонибаи нав дар соҳаи нафақа идома дорад. Созишномаи бекоршуда бошад, дар асоси принсипи ҳудудӣ амал мекард. Тибқи созишномаи нав ҳар як ҷониби аҳдбаста мувофиқи қонунгузории худ қисме аз нафақаро пардохт мекунад. Нафақа бояд мувофиқ ба собиқаи корӣ ва суғуртавӣ ҳисоб карда шавад. Собиқаи корӣ ва суғуртавӣ бояд дар ҳамон кишваре, ки шаҳрванд дар онҷо кору зиндагӣ кардааст, ба даст оварда шуда бошад.

Ёдрас мекунем, ки Созишнома дар бораи кафолатҳои ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишварҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи таъмини нафақа 13-уми марти соли 1992 дар шаҳри Маскав ба имзо расида буд. Қонуни мазкур аз 13 модда иборат буд. Кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Украина иштирокчии он буданд. Ин созишнома ҳангоми таъйин кардани ҳақи нафақа собиқаи кории шаҳрвандони ҳар як кишвари иштирокчиро, ки дар ҳудуди собиқ ИҶШС ба даст овардаанд, ба инобат мегирифт.

Ҳамин тавр, таъминоти нафақаи шаҳрвандони кишварҳои ИДМ минбаъд ё мувофиқи созишномаи нав ва ё мувофиқи қонунгузории миллӣ амалӣ карда мешавад. Яъне ҳар як кишваре, ки нафақагир дар он кор кардааст, мувофиқи таҷрибаи корӣ нафақа пардохт мекунад. “Чунин вариант барои Русия беҳтар аст”,- иброз доштаанд дар Думаи давлатӣ.

Шаҳрвандон бе нафақа намемонанд

Соли 2019 Русия бо Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон, соли 2021 бошад, бо Тоҷикистон созишномаи нав баста буд. Ҳоло гуфтушунидҳо бо кишварҳои Молдавия ва Ӯзбекистон низ идома доранд.

Хотиррасон менамоем, ки Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа 14-уми сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, ҷиҳати тасдиқ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.

Хабаргузории Pressa.tj бо директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода тамос гирифт ва дар бораи созишномае, ки моҳи апрели соли 2021 ба МО ҶТ пешниҳод гардида буд, пурсон шуд. Зимни суҳбат Давлатзода гуфт, ки Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа» дар ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 13-уми апрели соли гузашта доир гардид, баррасӣ шуда буд.

Ӯ гуфт: «Минбаъд тарафҳо барои собиқаи кории шаҳрванди ҳар ду ҷониб, ки дар қаламрави кишвари худ ба суғуртаи нафақавӣ фаро гирифта шудааст, дар асоси қонунгузории худ нафақа таъйин мекунанд. Яъне, агар шаҳрванди Федератсияи Русия дар Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро анҷом дода, бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба нафақа ба даст овардааст, пас Тоҷикистон вазифадор аст ба ӯ мутаносибан ба собиқаи меҳнатӣ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақа таъйин кунад. Инчунин, Федератсияи Русия уҳдадор аст муҳоҷирони тоҷикистониеро, ки дар кишвари мазкур фаъолияти меҳнатиро анҷом медиҳанд, ба суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақавӣ фаро гирифта, ба онҳо мутаносибан ба собиқаи кориашон дар ин кишвар нафақа таъйин намояд».

— Андозаи нафақа вобаста аст бо он музди меҳнат, ки дар асосаш андози иҷтимоӣ пардохт мекунем. Дар шартнома омадааст, ки ҳангоми муайян кардани нафақа, шаҳрванд дар кадом муассисаи Федератсияи Русия кор карда бошад, нафақа аз рӯи маоши ҳамон муассиса ҳисоб карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд чӣ қадаре андози иҷтимоӣ супурда бошад, ҳамон андоза ба ӯ нафақа муайян карда мешавад. Андози иҷтимоӣ маблағест, ки давлат аз он истифода намебарад ва онро ба шаҳрванд дубора бармегардонад,- гуфт Дилмурод Давлатзода.

Узви Кумитаи Маҷлиси Намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мавзуна Шамсиддинзода дар суҳбат бо мо гуфт, ки ба имзо расидани шартнома барои шаҳрвандони ҳарду кишвар имконияти комилан васеъро муҳайё месозад, ки дар моддаҳои 2 (доираи татбиқ), 3 (доираи шахсон) ва 4 (ҳуқуқҳои баробар), қисмҳои 1, 2, 3, 4 ва 6-и моддаи 5-и созишнома пешбинӣ карда шудааст.

— Шартномаи мазкур ҷиҳати танзими ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони тарафҳои аҳдкунанда дар самти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нигаронида шуда, аз дебоча, 5 фасл ва 22 модда иборат мебошад. Зимнан, доираи амали шартнома тибқи талаботи моддаи 3 нисбат ба шахсони суғурташудае татбиқ карда мешавад, ки онҳо шаҳрвандони яке аз тарафҳои аҳдкунанда бошанд ва таҳти амали қонунгузории тарафҳои аҳдкунанда қарор гирифта буданд ё доранд. Инчунин, муқаррароти моддаи мазкур ба аъзои оилаи шахсони зикршудае, ки таҳти амали қонунгузории тарафҳои аҳдкунанда қарор гирифта буданд, ё қарор доранд, татбиқ мегардад,- шарҳ дод Сумангул Тағойзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ.

Миратулло АТОӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *