Дар Душанбе иди Сада таҷлил мешавад
29-уми январ дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор карда мешавад.
Дар назар аст, ки дар чорабинӣ намоядагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, олимону адибони мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намоянд.
Инчунин, дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дар назар дошта шудааст.
Сада ҳамчун ҷашни кишоварзону боғдорон ва дар маҷмуъ, ҳамчун ойини аслии мардумӣ ҳамасола таҷлил карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ