старекс

Як “маршрутка”-ю ду нарх…

Рӯзи 19-уми январ барои коре ба тарафи фурудгоҳ равон шудам ва ба мусофирбаре нишаста, ба ронанда 3 сомонӣ роҳкиро додаму (“пулчинак” надошт) интизори бақия шудам. Вале ӯ маблағи бақияро доданӣ набуд.

Пурсидам:

— 50 дирам бақияро намедиҳед?

— Не, роҳкиро 3 сомонӣ шудагӣ…,- гуфт ронанда, ки баъдтар маълум шуд, номаш Дилшод будааст.

— Кӣ ва кай чунин қарор баровард? Ё газ арзон шавад, роҳкиро қиммат мешавад?

— Хоҳед ҳамин, нахоҳед не…

Аз мошин, ки рақами давлатиаш 0065 тт 05 буду дар пешониаш №14 зада буд, фаромадаму ба назди дистпетчери маршруткаҳои ин хатсайр рафтам. Дистпетчер пас аз шунидани шикояти ман гуфт, ки “бале , “старексҳо” 3 сомонӣ нарх доранд. “Ана, ёбу гир…” гуфтам дар дил ва дигар сухане наёфта, аз он ҷо дур шудам. Мани муштарӣ надонам, ки кадомаш “Старекс” асту кадомаш “Мерседес”. Чаро “як бому ду ҳаво”? Оё ниҳоди дахлдори шаҳрдорӣ аз ин хабар дорад?

А. АҲМАДОВ, нафақагир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *