Дар Душанбе мардеро бо гумони куштори ҳамсараш дастгир карданд

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти сокини 35-солаи пойтахт Туманов Алишер бо гумони куштори ҳамсари 29-солааш хабар дод.

Тибқи иттилои мақомот, ҳодиса рӯзи 8-уми март рух дода, сабабаш «рашку бадбинӣ» будааст. Гумонбаршаванда ҳамсараш Абдуллоеваро «мавриди латукӯби шадид» қарор додааст, ки дар натиҷа ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шуда, рӯзи 11-уми март фавтидааст.

Туманов дар як навори видеоӣ эътироф мекунад, ки пас аз истифодаи маводи нашъаовари метаамфетамин ҳамсарашро задааст. Вале маълум нест, ки ин навор дар чӣ шароите сабт шудааст.

Бар асоси моддаи 110-и Кодекси ҷиноятӣ (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ), нисбат ба гумонбар парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Дар ҳолати исботи гуноҳ, ӯро аз 5 то 15 соли зиндон интизор аст.

Танҳо дар моҳи март дар Тоҷикистон ду ҳодисаи дигари куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳар расонаӣ шуд. Аз ҷумла, як марди 41-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қатли ҳамсари собиқаш дар шаҳри Санкт-Петербург ва як марди 58-солаи шаҳри Истаравшан бо гумони куштори ҳамсараш дар манзили истиқоматиаш дастгир шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image