Дар Душанбе масоили ҳуқуқи муҳоҷирон баррасӣ шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон масоили ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва риояи қонунгузорӣ баррасӣ шуд.
Ҷаласаи мазкур дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар он вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода, намояндагони вазорату идораҳо, инчунин диаспораҳои тоҷикон иштирок намуданд.
Бино ба иттилои вазорат, дар ҷаласа оид ба масъалаи ҳамкории диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, риояи қонунгузорӣ, омӯзиши забон ва касбу ихтисос ва тарғиби фарҳанги миллӣ, шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ