Дар Душанбе бо дархости раисони ноҳияҳо «мусор» қиммат шуд

Дар Душанбе нархи хизматрасонии коммуналӣ 20%  боло рафт. Акунун аз 1–уми март сокинони пойтахт  барои ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ бештар маблағ пардохт мекунанд.

Як манбаъ аз Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон ба Pressa.tj  хабар дод, ки ин тасмим бо дархости раисони ноҳияҳои Душанбе сурат гирифтааст.  

“Бо дархости раисони ноҳияҳои пойтахт тарифҳои ҷамъоварии партовҳо аз нав дида баромада шуд. Нархномаи навро Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кард”,-гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи сокинони пойтахт, назоратчиён дар баъзе ҳолатҳо талаб мекунанд, ки ҳаққи хизматрасониро аз моҳи январи соли равон пардохт кунанд. Як манбаъ дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ изҳор дошт, ки ин амалҳои назоратчиён ғайриқонунӣ мебошад ва сокинон метавонанд ба ин сохтор муроҷиат кунанд.

Тарифҳои мувофиқашуда ва амалкунандаи  хизматрасониҳои коммуналӣ дар шаҳри Душанбе

Номгӯй 2019 2021 Фарқият бо фоиз
Тарифҳои партовбарорӣ (бо сомонӣ бо ААИ)  
1 н. Сино      
  дар хонаҳои ободи бо қубури ахлотпарто муҷаҳҳаз (9-16 ошёна) 3,20 3,80 20
  дар хонаҳои ободи бе қубури ахлотпарто 2,60 3,10 20
  дар ҳавлиҳои шахсӣ 3,70 4,40 20
  дар ҳавлиҳои ободнашуда 3,60 4,30 20
2 н. Фирдавсӣ      
  дар хонаҳои ободи бо қубури ахлотпарто муҷаҳҳаз (9-16 ошёна) 3,10 3,70 20
  дар хонаҳои ободи бе қубури ахлотпарто 2,50 3,00 20
  дар ҳавлиҳои шахсӣ 3,60 4,30 20
  дар ҳавлиҳои ободнашуда 3,40 4,10 20
3 н. Шоҳмансур      
  дар хонаҳои ободи бо қубури ахлотпарто муҷаҳҳаз (9-16 ошёна) 2,90 3,50 20
  дар хонаҳои ободи бе қубури ахлотпарто 2,40 2,90 20
  дар ҳавлиҳои шахсӣ 3,50 4,20 20
  дар ҳавлиҳои ободнашуда 3,30 4,00 20
4 н. И.Сомонӣ      
  дар хонаҳои ободи бо қубури ахлотпарто муҷаҳҳаз (9-16 ошёна) 2,90 3,50 20
  дар хонаҳои ободи бе қубури ахлотпарто 2,40 2,90 20
  дар ҳавлиҳои шахсӣ 3,60 4,30 20
  дар ҳавлиҳои ободнашуда 3,30 4,00 20

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *