Сардори БДА ба хонандагон сабақ меомузад

Дар мактабҳои № 31 ва 15 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ширкати сардори БДА-пойтахт полковники милитсия Юсуф Имомзода дар чаҳорчӯбаи амалиёти “Пиёдагард” “дарси пиёдагардӣ” баргузор гардид. Полковник Имомзода ба хонандагони ин мактабҳо оид ба рафтор дар кӯчаи сермошин ва қоидаҳои ҳаракати пиёдагардон дар ин гуна роҳҳо ӯуҳбат намуда,таъкид дошт,ки риояи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ онҳоро аз хатари эҳтимолӣ эмин нигоҳ медорад. Имомзода ба ин вохурӣ ҳамроҳ бо кормандони БДА омад ва онҳо бо далелҳои раднопазир дар мавриди чунин фалокатҳо маълумоти пурра дода, аз хонандагон талаб намуданд,ки қоидаҳоро ҳаракат дар роҳро ҳамун пиёдагарди боинтизом риоя намоянд. Дар навбати худ, хонандагони мактаб низ ба саолҳои худ сари ин мавзуъ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Пас аз “Дарси пиёдагардӣ” сардори БДА ба саволи хабарнигори “Тоҷикистон” дар мариди баргузории чунин “дарсҳо” гуфт, ки ҳар чи қадар шумораи чунин вохуриҳо афзояд, ҳамон қадар барои ҳифзи саломатии хонандагон фоидабахш аст ва ёдрас намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ онҳоро аз ҳар гуна фалокатҳои эҳтимолӣ дар роҳҳои мошингард ҳифз менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *