Пӯшидани ҳиҷоб қонунан манъ шуд

Қабули қонунро 51,2% иштирокчиёни раъйпурсӣ дастгирӣ карданд, дар ҳоле ки 48,8% мухолифи қабули ин гуна қонун буданд.

Дар Швейтсария вобаста ба пушидани либоси исломӣ раъйпурсӣ баргузор шуд, ки дар он тарафдорони қонуни манъи рӯйпӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо каме бартарӣ пирӯз шуданд. Пас аз қабули қонуни дахлдор, дар ин кишвар дигар наметавонанд занони мусалмон рӯйро пинҳон мекунанд, аз ҷумла ҳиҷоб ва ниқобро пӯшанд.

Қабули қонунро 51,2% иштирокчиёни раъйпурсӣ дастгирӣ карданд, дар ҳоле ки 48,8% мухолифи қабули ин гуна қонун буданд. Овоздиҳӣ бо ташаббуси Ҳизби халқии Швейтсария, ки таҳти шиори «Нест бод экстремизм» маърака баргузор намуд, сурат гирифт.

Қонуни нав нисбати ҳама сокинони кишвар, аз ҷумла сокинон ва меҳмонони ин кишвар татбиқ хоҳад шуд. Аммо он баъзе истисноҳо низ дорад. Масалан, дар вақти намозгузорӣ, дар ҷойҳое, ки намоз баргузор мешавад ва ба хотири саломатӣ ва бехатарӣ рӯйи худро пӯшидан иҷозат аст. 

Маъракаи қабули ин қонун пеш аз пандемияи коронавирус оғоз шуда буд, ки дар ин муддат тамоми калонсолон дар Швейтсария вазифадор буданд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб пӯшанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *