Дар Душанбе вазъи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Душанбе даври дуюми музокироти Тоҷикистон ва Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират доир гардид.
Музокирот 28 май таҳти раёсати Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев доир шуда, дар он дигар шахсони масъул низ иштирок доштаанд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ҷараёни даври дуюми музокирот масъалаҳо оид ба вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамоҳангсозии маълумоти оморӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия фаъолияти муваққатии меҳнатӣ анҷом медиҳанд, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон барои фаъолияти меҳнатӣ ба Русия, густариши ҳамкорӣ оид ба рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни музокирот иштирокчиён оид ба масъалаҳои тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон мулоҳиза ва андешаҳояшонро иброз доштаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ