Дар Фаронса роҳпаймоиҳо давом доранд (видео)
— Дар Фаронса эътироз ба муқобили ислоҳоти нафақа бознамеистад. Полис 540 нафарро боздошт кардааст,- хабар медиҳад рӯзномаи “Известия” бо такя ба расонаҳои маҳаллӣ.
Гуфта мешавад, ки 305 нафари онҳо дар Париж боздошт шудаанд.
«Дар байни эътирозгарон шумораи маҷруҳшудагон аз 60 нафар гузашт, дар ҷараёни тазоҳуроти Париж 32 нафар маҷруҳ шуданд»,- гуфта мешавад дар гузориш.
Дар рафти бетартибиҳо 406 нафар полис ва жандарм низ захмӣ шудаанд.
Рӯзи 1-уми май гузориш шуда буд, ки дар эътирозҳои он рӯз дар Фаронса тақрибан 800 000 нафар ширкат кардаанд. Мувофиқи маълумоти шуъбаи маҳаллии полис, танҳо дар Париж қариб 112 ҳазор нафар одамон ҷамъ омадаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ