Баррасии мушкилоти соҳаи саноат дар конфронси Донишгоҳи миллӣ

Имрӯз, 2-юми май бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Саноатикунонии иқтисоди миллӣ: вазъи муосир, мушкилот ва дурнамои он» конфронси байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои ДМТ, конфронс бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. оғоз ёфтааст.

Гуфта мешавад, ки дар конфронс номзади илмҳои иқтисодӣ, ходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Баҳодур Маҳкамов доир ба “Дурнамои ташаккули кластерҳои саноатӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон”, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодии донишгоҳ Ғаюр Соҳибназаров оид ба “Корхонаҳои хурд ва нақши онҳо дар саноатикунонии иқтисодиёти мамлакат”, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи гуманитарӣ-иқтисодии Алмаато Ешпанова Динара Дауренбековна (Қазоқистон) доир ба “Тамоюли рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Қазоқистон” ва номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ Юсупов Сиддиқ доир ба “Равишҳои консептуалии саноатикунонӣ ва марҳилаҳои рушди он” маърӯза хондаанд.

— Зикр гардид, ки барои таъмини саноатикунонии босуръат раванди таъминоти кадру мутахассисони касбӣ аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси кишвар масъалаи мубрам буда, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар раванди таъмин намудани саноатикунонии босуръати мамлакат тавассути омодасозӣ ва тайёркунии кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботҳои муосир саҳми арзишманд дорад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *