Дар Файзобод келинчакро куштанд ё мор газид?

                                           Занги пуризтироб

Дар идора  саргарми кор будам, ки садои занги телефон баланд шуд. Гӯширо бардоштам. Садои таҳлукаборе ба гӯшам расид:

-Салом! Газетаи «Оила» аст?

-Бале, идораи ҳафтаномаи «Оила» аст, шумо ягон арзу шикоят доред ё фаҳмидан мехоҳед, ки духтар таваллуд мекунед ё писар?

-На ину на он, ман аз Файзобод барои он ба шумо занг зада истодаам, ки муаммои марги Зиёдаро кушоед.

-Равшантар гап занед, Зиёда кист ва чаро шумо мехоҳед, ки мо муаммои марги ӯро дар саҳифаи газета чоп кунем.

-Дар ноҳияи Файзобод Зиёда ном ҷавонзан дар хонаи хушдоманаш ба таври пурасрор якбора мурдааст. Аҳли оилаи шавҳараш мегӯянд, ки худашро ба дор овехтааст, вале одамоне, ки Зиёдаро аз наздик мешинохтанд, боварӣ надоранд, ки ӯ даст ба худкушӣ зада бошад. Овозаҳо дар бораи марги ин ҷавонзан бисёранд, ба Файзобод биёед, худатон ҳамаашро мефаҳмед.

Файзобод як ноҳияи калон аст. Шумо метавонед суроғаи аниқи ҷойи ҳодисаро ба мо диҳед.

-Хонаи шавҳараш дар деҳаи Муллоён аст, хонаи бибиаш бошад дар  Қарабулоқ.

-Беҳтараш шумо суроғаи манзили волидонашро ба мо диҳед.

-Раҳматӣ сағера буд, ӯро бибиаш калон карда, ба шавҳар дод…

                          
Тағои Зиёда чӣ мегӯяд?

Занги пуризтироби хонандаамон моро ба он водор кард, ки роҳ ҷониби Файзобод пеш бигирем. Ба Бӯстон расида, аз як гурӯҳ ҷавонон, ки сари кадом мавзӯи аҷибе баҳс доштанд, хонаи акаи Шарифбекро пурсон шудем. Яке аз он ҷавонон ба сӯйи марди тақрибан 40-солае, ки аз мо дуртар рост истода буд, ишора намуда гуфт:

-Ана ҳамон кас писарашон мешаванд.

Мо аз рӯйи таомули тоҷикона бо он мард салому алейк ва аҳволпурсӣ намуда, сабаби ин қадар роҳи дарозро тай намуда, ба Файзобод омаданамонро фаҳмондем. Мард оҳи сарде кашида, моро ба хонаашон, ки тақрибан 300 метр дуртар будааст, таклиф кард. Раҳораҳ  кӯшиш намудем аз ин мард ба чанд саволи худ ҷавоб бигирем.

Шумо барои марҳум бародар мешавед ё тағо?

-Раҳматии Зиёда ба ман ҷиян мешуд. Онҳо аз модарашон хурдакак ятим монданд. Зиёдаро модарам калон карда ба шавҳар дод.

Рост аст, ки ҷиянатон худашро ба дор овехта куштааст?

-Фикр намекунам, ки Зиёда худашро ба дор овехта кушта бошад. Худкушӣ карда бошад ҳам, ин амалаш ягон сабаби ҷиддӣ дорад. Магар инсон бе ягон сабаб худро ба дор меовезад?! Зиндагӣ ширин аст, одамизод, то ҷонаш ба лабаш набиёяд, худкушӣ намекунад!

-Худкушӣ накарда бошад, пас, бо ӯ чӣ ҳодиса рӯй додааст?

-Инро аз аҳли оилаи шавҳараш пурсидан лозим аст, чунки асрори марги Зиёдаро танҳо онҳо медонанд!

Кампири Лола, бибии Зиёда:

Сағераи бечора аз зиндагӣ наосуд

Суҳбаткунон мо ба хонаи бобою бибии Зиёда расидем. Моро ба хонае дароварданд, ки аз ду ҳуҷра иборат буда, хонаҳо дарун ба дарун буданд. Дар хонаи аввал пирамарде дар бистари беморӣ хоб буд. Мӯйсафед бар асари якбора баланд гаштани фишори хун ба сактаи майна гирифтор шуда, як тарафи баданаш аз кор монда будааст. Бибии марҳум бо чанд зани рӯймолҳои сафед баста дар хонаи дарун гиряву нола доштанд. Пас аз ба ҷо овардани одоби муошират бо азодорон сари мақсад омадем:

Худованд ба шумо сабр диҳад ва гузаштаатонро раҳмат кунад!  Мо аз  ҳафтаномаи “Оила” барои дақиқ намудани ҳақиқати овозаҳои баъди марги марҳум паҳнгашта ба суроғи шумо омадем.

-Дилам аз ғами азизони ҷавонмаргам як кӯза зардоб шудааст. Намедонам кадом дарду аламамро гӯям духтарҷон,-ашки чашмонаш беихтиёр ба бари рӯяш шорида, ба нақли сарнавишти пурғуссаи худ шурӯъ намуд биби Зиёдаи ноком кампири Лола,-Ҷасади ду писари шаҳамро аз Маскав оварданд, модари Зиёдаро дар 25-солагияш ба хок супоридам, додари паҳлавонамро ба хонаи охират гусел кардам, гӯё ҳамаи ин кам буд, ки Худованд боз як ғами калонро ба сарамон овард. Намедонам барои шаҳбачаҳои ҷавонмаргам нола кунам, дар ғами додарам бинолам ё дар мотами Зиёдаи аз зиндагӣ наосудаам гиребон пора кунам. Барои кадоме аз ин ҷигарбандони ормониам ашк резам, намедонам. Аз дарду ғам ҳезуми тар барин дарун ба дарун бе дуд сӯхта хокистар шуда истодаам…

-Шунидем, ки Зиёда ятим калон шуда, ӯро бобою бибиаш ба шавҳар дода будаанд…?  

-Духтарам, модари ҳамин Зиёда, дар синни 25-солагӣ ҷавонмарг шуд. Аз вай ду фарзанд-як писару як духтар нишона монд. Вақте ки модараш аз дунё гузашт, Зиёда ҳамагӣ якунимсола буд. Одам сағера шавад, бе тақдир мешудааст.  Бечора набераам рӯзи хушро надид…

-«Рӯзи хушро надид» гуфта шумо чиро дар назар доред?

-Зиёдаи мо дар оилае келин шуд, ки як бурда нонро бе ғурбат намехӯрданд. Хушдоману хоҳаршӯйҳояш аз аввал рӯзашро сиёҳ карда, азобаш медоданд, вале бечора набераам сари кафида зери тоқӣ гуфта, тоқат карда мегашт…

-Сабаби норозигии модаршӯяш дар чӣ буд? Зиёда гап мегардонд, ҳунари пухтупаз надошт, умуман чӣ айб дошт?

-Аз рӯйи нақли раҳматӣ хушдоман ва қайсингилҳояш бо падарашон қаҳрӣ будаанд ва ӯро ҳам маҷбур мекардаанд, ки ту ҳам бо мӯйсафед гап назан, ба вай хӯрок надеҳ, либосҳояшро нашӯй. Худатон фикр кунед, охир чӣ хел келин хизмати хусурашро намекунад?! Ман худам чор келин дорам, ҳама кору бори хона ва хизмати хусури беморашонро онҳо мекунанд. Вазифаи ман фақат дар хона нишаста гаҳвораи набераҳоямро ҷунбонидан асту халос. Ягон бор намегӯям, ки ҳой келинҳо, шумо чӣ мепазед, чӣ кор мекунед, чӣ мехӯред. Худашон шоҳу табъашон вазир, чӣ коре, ки хоҳанд мекунанд.

-Марҳум пеш аз маргаш бештар аз чӣ шикоят мекард?

-Зиёда бештар аз хушдоманаш шикоят карда мегуфт, ки ӯро бисёр ситаму шиканҷа медиҳанд. Ҳар дафъаи омаданаш гиря мекард, ки Худо накарда, рӯзе хушдоману қайсингилҳоям нисбати ману хусурам ягон туҳмати ноҳақ бофанд, сарамро дар байни мардум чӣ хел мебардорам. Чанд бор гуфт, ки хонаашон ба худашон насиб кунад, дигар намеравам, вале акааш “худамон ятим калон шудем, бачаҳоятро бе падар накун. Зиндагӣ пастию баландиҳои бисёре дорад, хоҳарҷон, тоқат кун, оҳиста-оҳиста ҳамааш хуб мешавад” гӯён, ӯро маҷбуран боз ба хонаи хушдоманаш мефиристод.

-Бо тарафи домод хешу таборӣ доред?

-Не, шавҳари Зиёда ба мо тамоман бегона аст. Вақти ба хонаамон бори аввал ба хостгорӣ омаданашон Зиёда доду фиғон бардошта гуфта буд, ки ман ҳоло шавҳар кардан намехоҳам, вале мо нею нестон кардани ӯро нози духтарона пиндошта, зӯран ба шавҳар додем, охир аз куҷо медонистем, ки….

-Муносибаташ бо шавҳараш чӣ гуна буд? Шикоят намекард, ки падари фарзандонаш ӯро мезанад ё дашном медиҳад?

-Дар давоми зиндагияш ягон бор аз шавҳар ва хусураш шикоят накарда буд. Танҳо ҳевараш Баҳриддин, ки додари домод мешавад, чанд маротиба ӯро лату кӯб кардааст.

-Чаро додаршӯяш ӯро лату кӯб мекардааст?

-Вай шабона ба хонаи онҳо даромада, акаашро ҳамроҳи худ ба қартабозӣ бурдан мехостааст, вале Зиёда монеи рафтани шавҳараш гашта, мегуфтааст, ки ҳамеша қарзҳои туро меканем, магар ин кам аст, ки боз ӯро ҳам ба ин роҳ мебарӣ. Барои ҳамин гап додаршӯяш Зиёдаро лату кӯб мекардааст. Ман боварӣ надорам, ки набераам худкушӣ карда бошад, аҳли оилаи хушдоманаш ин гапро барои он бофта бароварданд, ки ҷонашонро халос кунанд…

-Чаро шумо ба худкушӣ кардани Зиёда шубҳа доред?

-Ин ҳодисаи нохуш рӯзи  25-уми январ рӯй дод. Чанд рӯз пештар Зиёда худаш ба мо занг зада гуфта буд, ки дар зодрӯзи Насимҷон  ба хона меоям, ҳамаамон якҷоя нишаста ғубори диламонро мебарорем. Ин як. Дуюм: Тамоми қолин ва гилему кӯрпаю кӯрпачаҳоро шуста ба тӯйи писараш тайёрӣ дидааст. Одаме, ки қасди худкушӣ дорад, ин қадар орзую ҳавас карда бо чунин дилгармӣ ба тӯй тайёрӣ намебинад. Сеюм: Аҳли оилаи шавҳараш ба мо гуфтанд, ки Зиёда худашро ба дор овехта куштааст, вале дар гарданаш на изи банд буд  на ягон пайи сиёҳ, фақат дар пушти гӯшаш пайи ду ангушт боқӣ монда буду халос. Акааш ба болои бом баромада, ҳамон ҷоеро, ки гӯё дар он ҷо Зиёда худкушӣ кардааст, бо чашмони худаш дид. Ба мо гуфтанд, ки дар таги пояш сатил монда баромадааст, вале акааш мегӯяд, ки ба чунин баландӣ ҳатто бо зинапоя баромадан душвор аст.

Кай шуморо аз ин ҳодисаи нохуш хабардор намуданд?

-Ҳамон шоми 25-уми январ, тақрибан соатҳои нуҳи бегоҳ аз хонаи хусураш занг зада, хабари маргашро расонидаанд, вале келинҳоям ба ман гуфтанд, ки Зиёда каме нотоб шудааст, биёед ба хонааш меравем. Вақте ки мо ба хонаи хушдоманаш расидем, духтараки ормониамон мисли чанори решакан шуда дар байни хона хоб ва кайҳо ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин супорида буд. Гуфтанд, ки дар болои бом худашро фалах кашидааст, аммо дар либосҳояш ягон гарди алаф ё чангу ғубор набуд.

-Дар баданаш ягон осори зарбу лат дида намешуд?

-Қисмати охири ангуштони дасти чапаш сип-сиёҳ буданд. Баъди маргаш овоза паҳн карданд, ки гӯё дилаш касал будаасту аз пишак ё мор тарсида, дилкаф шудааст, вале ин  гап дурӯғ аст. Зиёдаи мо дар умраш ягон бор бемор нашудааст. Бечора либоси дурусте надошт, ки пӯшад, зимистону тобистон дар хонаи хушдоманаш таги як курта гашта, хизмати аҳли оилаи шавҳарашро мекард, вале танаш сиҳат буд, ҳатто як тори мӯяш дард намекард. Ҳаққу ҳамсояҳои хушдоманаш ҳаваси ӯро мехӯрданд, ки як келин асту аз уҳдаи ҳама корҳои хона мебарояд. Галаи гову гӯсфандонро нигоҳ мекард, хамиру фатир, пухтану шустан, рӯфтану дӯхтан ҳама кору бори зиндагӣ дар гарданаш  буд, вале ягон бор шикоят намекард, ки дилам дард мекунад, гурдаам сих мезанад ё ягон ҷойи дигарам иллат дорад. Бемории руҳӣ ҳам надошт, ки бигӯем дардаш хуруҷ карда, худашро ба дор овехтааст. Сип-сиҳат буд. Тамоми мардуми деҳаи Арзаноба (деҳае, ки Зиёда зиндагӣ мекард) рӯзи маргаш барои Зиёда ашк рехтанд. Ҳамсояҳои дар ба деворашон бо алам нола карда мегуфтанд, ки бо вуҷуди азобу шиканҷа доштанаш даҳонаш ҳамеша пури ханда буд. Аз ягон беморӣ мемурд, ин қадар намесӯхтам. Якбора, бе ягон дард ҷавонмарг шудани ятимаки бо хуни ҷигар калон кардаам ҷигарамро пора-пора кардааст, дарду аламҳои диламро ба кӣ гӯям, намедонам…

Ашки ҷонсӯз дар бари рӯй ин бибии ғамзада умед дорад, ки мақомот ин ҳодисаро мӯшикофона санҷида, гунаҳкорро ҷазои сазовор медиҳанд.

Маҳина Давлат

Душанбе- Файзобод-Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *