Сабабҳои сӯхтор дар Амонатбонк муайян гардид (5 акс)

Дирӯз,21 феврал  дар қисмати боми бинои «Амонатбонк» сӯхтор ба амал омад.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ба ҷойи ҳодиса оташнишонии Сарраёсати хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва воҳидҳои он фавран сафарбар шудаанд. Муайян гардид, ки қисмҳои чӯбини боми бинои мазкур дар масоҳати 250 м2 оташ гирифтаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии тактикии оташнишонии СХДО ВКД ва воҳидҳои он роҳҳои паҳншавии алангаи оташ дар ҳама самтҳо пешгирӣ карда шуда, дар кӯтоҳтарин фурсат бе паҳншавӣ дар масоҳати аввалааш хомӯш карда шуд. Тибқи иттилои коршиносони соҳа сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад.

Бинобар гуфтаи Раёсати бонки мазкур, дар натиҷаи сӯхтор ҳуҷҷатҳо ва ё дигар амонату маблағҳои бонк хисорот надидаанд.

Суратгир: Дидор Саъдуллоев

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *