Дар Хатлон беш аз 6200 иншоот месозанд
Ба истиқболи 35 — солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар вилояти Хатлон сохтмони беш аз шаш ҳазор иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудаанд.
Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 1 ҳазору 135 бино ва иншоот сохта мавриди истифода қарор гирифтанд. Баъди ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ наздики 7 ҳазору 210 ҷойи нави корӣ барои сокинон фароҳам гардидааст.
Ба иттилои расида, аз апрели соли 2022 то имрӯз, дар маҷмӯъ дар вилояти Хатлон дар доираи 35 -солагии Истиқлоли давлатии мамлакат 3 ҳазору 540 иншооти таъиноти гуногун сохта мавриди истифода қарор гирифта, наздики 60 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
«Дар назди 67 муассисаи таълимӣ 596 синфхонаи иловагӣ бо беш аз 16 ҳазор ҷойи нишаст, 12 дармонгоҳ барои қабули 180 нафар дар як баст, шаш муассисаи томактабӣ барои 542 кӯдак, 24 корхонаи гуногуни саноатӣ, беш 86 киллометр хати оби нӯшокӣ ва 962 бинову иншооти дигар бунёд шудааст»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ