Дар Хатлон то соли 2026 шаш ҳазор иншоот месозанд

Ба хотири истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сохтмони шаш ҳазор иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Дар нуҳ моҳи соли равон беш аз 500 иншоот сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Аз шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки аз ҷамъи умумии иншооти сохташаванда 760 иншоот ба соҳаи маориф ва 477 иншоот ба соҳаи тандурустӣ рост меояд.

Таъкид шуд, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 508 иншооти таъиноташон гуногун сохта ба истифода дода шудааст.

Дар дигар иншооти ҷашнӣ бошад, корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *