Дар Хуҷанд маркази табобати бемориҳои урологӣ — андрологӣ ва гинекологӣ боз шуд
Имрӯз, 11 апрел бо иштироки Президенти мамлкат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии “Микролаб” мавриди истифода қарор дода шуд.
Гуфта мешавад, ки Маркази тиббии “Микролаб” бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Акмалхон Камолов бунёд гардидааст.
Он дорои муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ ва шароити ташхису табобат мебошад.
Дар маркази мазкур табобати бемориҳои урологӣ — андрологӣ ва гинекологӣ гузаронида мешавад.
Маркази тиббӣ аз 5-ошёна иборат аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ