Нархи зиндагӣ дар пойтахт. Аз обу корез то барқу гармӣ

Ба идораи “Тоҷикистон нафарони зиёд занг зада, дар бораи нархи тарофаҳои пардохти хизматрасонии коммуналӣ мепурсанд. Хоса, ҳафтаи охир теъдоди чунин зангҳо афзуда, сокинон аз омадани расидҳои пардохти пули истифодаи қувваи барқу обу гармӣ ва партову хизмати коммуналӣ, ки ба карат зиёд шудааст, изҳори нигаронӣ мекунанд.

Мо тасмим гирифтем бори дигар ин мавзӯро матраҳ карда, дар боби тарофаҳои хизмати коммуналӣ, ки баъзеи онҳо дар охири соли гузашта гарон шуданд, ба мардум гӯем, то ҳангоми пардохт ба нофаҳмӣ ё фиреб дода нашаванд.

Нархи истифодаи об ва обу корез дар шаҳри Душанбе

Нархи истифодаи 1 кубометр об барои аҳолие, ки дар хонаашон ҳисобкунакҳои обӣ насб кардаанд, 2,34 сомониро ташкил мекунад. Онҳое, ки обро бе ҳисобкунакҳои обӣ истифода мебаранд, бояд барои ҳар 1 узви хонавода 8,42 сомонӣ бипардозанд. Ин нархнома барои хонаҳои болотар аз ошёнаи 12-ум 10,61 сомонӣ барои як нафар, барои хонаҳои ҳавлӣ 7,01 сомонӣ дар моҳ ва барои хонаҳои сохти пештара дошта 4, 94 дирам дар моҳ аст. Инчунин барои сафоратҳо ва намояндагиҳои дипломатии пойтахт нархи истифодаи об 6 сомониву 73 дирам буда, барои корхонаву идораҳои буҷавӣ ин рақам 2 сомониву 66 дирамро ташкил мекунад.

1 кВт/соат барқ 30,75 дирам

Тарифҳои истифодаи неруи барқ барои аҳолии Тоҷикистон ва дигар истеъмолгарони он шуруъ аз 1-уми январи соли 2024 ба андозаи 16 дарсад — аз 26,51 дирам барои 1 киловатт-соат то 30,75 дирам боло рафтанд.

Истеъмолгарони неруи барқ дар Тоҷикистон ба категория бо тарифҳои гуногун тақсим шудаанд, ки онҳо барои истифодаи барқ айни замон бо тариқи зайл маблағ пардохт мекунанд:

— барои истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ — 26,51 дирам;

— барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди Ҳукумати ҶТ аз 1-уми апрел то 30-юми сентябр — 9,2 дирам ва аз 1-уми октябр то 31-уми март — 26,51 дирам;

— барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ — 9,2 дирам;

— барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) — 12,6 дирам;

— барои “Комбинати металлургии Тоҷикистон” аз 1-уми май то 30-юми сентябр — 10,64 дирам ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел — 60,65 дирам;

— барои муассисаҳои ғайрибуҷетии соҳаи маориф — 45,51 дирам.

Фонди манзил

Нархномаҳои хизматрасонии фонди манзил, ки аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ тасдиқ шудаанд.

Аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд.

Ҳақи пардохт барои ҳуҷраи истиқоматӣ дар як моҳ бо ҳисоби сомонӣ

1. Хонаҳои истиқоматӣ бо таъмини шабакаҳои ахлотпартовҳо барои 1 метри мураббаъ масоҳати умум — 0,1694 сомонӣ (16,94 дирам);

2. Хонаҳои истиқоматӣ бе таъмини шабакаи сахти маишӣ ва бе истифодаи лифт барои 1 метри мураббаъ масоҳати умум — 0,1364 сомонӣ (13,64 дирам);

3. Хонаҳои истиқоматӣ бе таъмини ободонӣ (баракшакл) барои 1 метри мураббаъ масоҳати умум — 0,1364 сомонӣ  (13,64 дирам).

 Тариф барои 1 (як) истиқоматкунанда дар як моҳ:

Барои сокинони ноҳияи Фирдавсӣ:

— барои хонаҳои ободгардонидашуда бо шахтаи партовбарорӣ — 3,10 сомонӣ;

— барои хонаҳои ободгардонидашуда бе шахтаи партовбарорӣ — 2,50 сомонӣ;

— барои хонаҳои нообод (баракҳо) — 3,40 сомонӣ;

— барои ҳавлиҳо — 3,60 сомонӣ;

— барои муассисаҳои буҷетӣ ба 1 метри кубӣ — 34,50 сомонӣ;

— барои ташкилоту корхонаҳои тиҷоратӣ ба 1 метри кубӣ — 54,00 сомонӣ.

Барои сокинони ноҳияи Сино:

— барои хонаҳои ободгардонидашуда бо шахтаи партовбарорӣ — 3,20 сомонӣ;

— барои хонаҳои ободгардонидашуда бе шахтаи партовбарорӣ — 2,60 сомонӣ;

— барои хонаҳои нообод (баракҳо) — 3,60 сомонӣ;

— барои ҳавлиҳо — 3,70 сомонӣ;

— барои муассисаҳои буҷетӣ ба 1 метри кубӣ — 39,20 сомонӣ;

— барои ташкилоту корхонаҳои тиҷоратӣ ба 1 метри кубӣ — 55,20 сомонӣ.

Барои сокинони ноҳияҳои Шоҳмансур ва И. Сомонӣ:

— барои хонаҳои ободгардонидашуда бо шахтаи партовбарорӣ — 2,90 сомонӣ;

— барои хонаҳои ободгардонидашуда бе шахтаи партовбарорӣ — 2,40 сомонӣ;

— барои хонаҳои нообод (баракҳо) — 3,30 сомонӣ;

— барои ҳавлиҳо — 3,50 сомонӣ;

— барои муассисаҳои буҷетӣ ба 1 метри кубӣ — 35,65 сомонӣ;

— барои ташкилоту корхонаҳои тиҷоратӣ ба 1 метри кубӣ — 44,40 сомонӣ.

Ин маълумоти охирро дар бораи нархномаи фонди манзил ва пардохти маблағи партов мо аз сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пайдо намудем. Сокинон мегӯянд, ки айни замон ин нархномаҳо иваз шудаанду гарон, лек ба ҷуз ин мо дигар аз ягон сомона ё идораи давлатии коммуналии пойтахту ҷумҳурӣ иттилои бештар ёфта натавонистем. Ҳоло масъулон маблағи партовро аз фонди манзилӣ ҷамъ меоранд. Дар баъзе аз минтақаҳои Душанбе пардохт ғайринақдӣ аст.

Сумани Убайдулло

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *