Муҳоҷирон пешниҳоди хизмат ба Артиши Русияро рад карданд

Мақомоти милитсия дар шаҳри Красноярски Русия  аз муҳоҷирони боздоштшуда талаб кард, бо Артиши Русия қарордод банданд. Аммо муҳоҷирон онро рад кардаанд.

Телеграм-канали “Осторожно, новости” хабар дод, ки дар шаҳри Красноярск кормандони милитсия ба муҳоҷирони дар ҷараёни рейд барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират дастгиршуда пешниҳод кардааст, ки бо вазорати мудофиаи Русия қарордод баста, соҳиби шаҳрвандии Русия шаванд. 4 нафаре, ки ин пешниҳодро напазируфтанд, аз Русия ихроҷ кардаанд.

Бино ба иттилои мақомоти милитсияи Красноярск,  8 апрели соли равон кормандони полис дар як  корхонаи коркарди чӯбу тахта ва анбори меваю сабзавот рейд гузаронида, ҳуҷҷати 32 муҳоҷирро тафтиш кардаанд. 13 нафарро барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дастгир  ва ба шуъбаи милитсия бурданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *