Минтақаҳои озоди иқтисодӣ. Чаро Суғду Данғара дар раддаи авваланд?

Дар Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият доранд. Ҳоло дар ин минтақаҳо 96 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки бештарашон ба Суғду Данғара рост меоянд. Чаро минтақаҳои озоди иқтисодии дигар фаъолияти назаррас надоранд? Дар ҷаласаи назди муовини якуми Сарвазир масъулини минтақаҳои озоди иқтисодӣ чӣ супориш гирифтанд? Чаро раиси ноҳияи Данғара аз фаъолияти минтақаҳои иқтисодӣ изҳори нигаронӣ кард?

Суғду Данғара дар ҷойи аввал

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, айни замон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ 96 ширкати ватанию хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин 35 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», 34 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», 8 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», 14 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ва 5 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» рост меоянд.

Аз оғози фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои 1462 нафар ҷойҳои корӣ таъсис дода шудаааст. Ҳаҷми умумии сармоягузориҳо бошад, ба 2350 млн сомонӣ расидааст.

Айни ҳол аз субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсоли металлоконструксия, профилҳои алюминӣ ва пластикӣ барои дару тирезаҳо, лӯлаҳо ва зарфҳои пластикӣ, ноқилҳои барқӣ, рангубори сохтмонӣ, маҳсулоти металлопластикӣ, дару тирезаҳои чӯбин, маҳсулоти ороишии сохтмонӣ, мебел ва маводҳои шустушӯиро ба роҳ мондаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2023 ба 445,6 млн сомонӣ баробар гардидааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, яъне 2022-юм 25,4 млн сомонӣ зиёд аст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз оғози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба 2302 млн сомонӣ баробар шудааст.

Супориши қатъии муовини якуми Сарвазир

Чанде пеш дар ҷаласаи назди муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ натиҷагирӣ карда шуд. Дар ҷаласа котиби масъули Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои қаблӣ ва роҳбарони маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Данғара», «Кӯлоб», «Панҷ» ва «Ишкошим» оид ба фаъолияти худ дар соли гузашта ҳисобот додаанд. Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ зимни муҳокимаҳо вобаста ба роҳҳои боз ҳам рушд додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешниҳод намудааст. Дар ҷаласа раиси Шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ, муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода ба вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарони маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби бештари сармоя, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот ва содироти онҳо супоришҳои қатъӣ додааст.

Нигаронии раиси ноҳияи Данғара   

Сиҷоуддин Саломзода, раиси ноҳияи Данғара аввали соли равон зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ гуфт, ки аз 34 корхонаи дар қайд будаи МОИ “Данғара” ҳамагӣ 11 корхона фаъолият доранд. Ӯ таъкид дошт, ки ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳо соли 2023 дар минтақаи озоди иқтисодӣ ба 76 миллион сомонӣ баробар шудааст.

Номбурда дар баробари пешравиҳо дар соҳаи саноат, аз фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» интиқод кард. Ба гуфтаи мавсуф:

“Аз 34 корхонаҳои ба қайд гирифташуда дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 11 корхона бо 186 ҷойи корӣ фаъолият мекунад. Як корхона берун аз МОИ то 800 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол мекунаду ҳазорҳо ҷойи корӣ дорад, дар дохили минтақа бошад, ҳамагӣ 186 нафар кор мекунанд. Ин хеле кам аст ва қонеъкунанда нест. Нисбати соли гузашта корҳо сустанд, барзиёдии ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолӣ низ зери савол аст”.

Аммо директори МОИ “Данғара” сабаби фаъолият накардани корхонаҳои боқимондаро дар идома доштани корҳои сохтмонӣ дар 6 корхонаи саноатӣ ва корҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар боқимонда корхонаҳо донистааст.

Нигаронии раиси ноҳияи Данғара дар ҳолест, ки дигар минтақаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон — Панҷ ва Ишкошим чандон фаъолияти назаррас надоранд. Ҳарчанд минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон аз имтиёзҳои зиёд, аз ҷумла сабукии андозу боҷҳои гумрукӣ бархӯрдоранд.

Коршиноси маосили иқтисодӣ Аброр Мирсаидов мегӯяд, ки сабаби суст фаъолият доштани ду минтақаи озоди иқтисодӣ — яке дар ноҳияи Панҷ ва дигаре дар ноҳияи Ишкошим дар наздики сарҳади кишвари ҳамсоя ҷойгир будани онҳо аст.

“Албатта, вазъияти Афғонистон ҳам ба ин таъсир расонд. Ин ду минтақа фаъолияташон ба банду басти маҳсулот равона шудааст. Вале корхонаҳои азими саноатӣ то ҳол дар инҷо вуҷуд надорад, то мардум бо шуғл таъмин шаванд. Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” бошад, навтаъсис аст. Умед аст, ки аз пайи минтақаҳои озоди иқтисодии Суғду Данғара пеш меравад. Он ҳамчун минтақаи саноатӣ- инноватсионӣ ҳисоб мешавад. Дар инҷо имкониятҳои рушд вуҷуд доранд”,- гуфт номбурда.

Ба андешаи коршиносон, ҳоло дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон корхонаҳои саноатии муштарак низ фаъолият мекунанд, ки ҳиссаи Чин бештар аст. Ҷалби сармояи кишвари Ӯзбекистон ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ки ҳам аз нигоҳи транзит наздик аст ва ҳам таҷрибаи ғанӣ дар рушди саноат дорад, ба мақсад мувофиқ аст.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *