Дар Истаравшан нишасти матбуотӣ пеш аз бозии финали Ҷоми Тоҷикистон -2024 доир гашт
Нисфирӯзи имрӯз, санаи 19-уми октябр, дар арафаи баргузории рақобати финалии Ҷоми Тоҷикистон-2024 миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан нишасти матбуотии пеш аз бозӣ баргузор гардид.
Дар он роҳбарони дастаҳо ва шахсони расмии бозӣ, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кишвар, намояндагони ВАО вилояти Суғд, инчунин намояндагони хадамоти дахлдор иштирок карданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои умумии ташкилии бозии дарпешистода баррасӣ гардида, ранги сару либоси дастаҳо тасдиқ карда шуд. “Регар-ТадАЗ” ҳамчун мизбони рақобат барои бозӣ ранги сафед ва “Хуҷанд” ранги кабудро истифода мебаранд.
Дар идомаи вохӯрӣ сармураббии дастаҳо ва як нафарӣ бозингарони даста ба саволҳои рӯзноманигор посух доданд. Таъкид гардид, ки ҳар ду даста барои иштирок дар даври финалии мусобиқа омодагии хуб дидаанд.
Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 миёни “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд” пагоҳ санаи 20-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан соати 14:30 оғоз меёбад.
Фарзона Шамсиева
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ