Дар Кӯлоб кӣ ба афсари КДАМ ҳуҷум кард?

Бино ба гузоришҳо, афроди номаълум шаби 13-уми май як корманди Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро дар манзили зисташ 7 ё 8 корд зада ва сахт маҷрӯҳ кардаанд.

Як манбаъ дар мақомоти интизомӣ дар минтақаи Кӯлоб гуфтааст, ки ба ин афсари амниятӣ дар назди хонааш дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Кулоб ҳамла карда ва аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд. Ба гуфтаи манобеи афсари бемор «беҳушу беёд ва зери дастгоҳҳои тиббӣ» нигаҳ дошта мешавад ва вазъаш бисёр вазнин аст.Ҳамла соатҳои тақрибан 10 шаб ба вуқӯъ пайвастааст. Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар бораи ин ҳамла чизе нагуфтаанд ва маълум нест, ки чанд нафар ва барои чӣ ба ин афсари Кумитаи амнияти миллӣ ҳамла кардаанд.Амалиёти муштараки кумитаи амният ва вазорати умури дохилӣ барои боздошти омилони ҳамла идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *