Манижаи Давлат ба беморхона афтодааст

Тавре.ки сомонаи “Ахбор” иттилоъ медиҳад хабари ба бемористон афтодани Манижаи Давлат фавҷи мухлисони ин ҳунарманди шинохтаро дар ташвиш андохтааст.

Ӯ дар бораи маризиаш тафсилот надодааст, вале ҳамагии мухлисон ба Манижаи Давлат орзуи шифои комилу оҷил карда ва барои ӯ даст ба дуо кушодаанд.Ҳунарманди шинохтаи тоҷик Манижаи Давлат шоми 13 май бо нашри як акс аз бемористон дар саҳифааш дар шабакаи Фейсбук дарак дод, ки дар бемористон таҳти табобат қарор дорад.

Манижаи Давлат дар бораи аз чӣ беморие ранҷ кашиданашу дар кадом бемористон қарор доштанаш тафсилот надодааст. Вале дар аксари нашршуда дасти рости Манижа дида мешавад, ки дар ҳолати зери қатрачаконак (капельница) қарор доштанаш, сабт шудааст.

Манижаи Давлат ду рӯз пеш дар як мусоҳибааш гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир фақатдар фикри саломатиаш аст ва вазъи саломатиаш феълан иҷозат намедиҳад, ки дар консертҳову чорабиниҳо шахсан ширкат биварзад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *