Обро захира кунед!

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, рӯзҳои 15,16, 17 ва 18-уми май интиқоли об дар бархе аз хиёбону маҳаллаҳои пойтахт муваққатан қатъ мешавад. 

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, аз соати 8:00 рӯзи 15 то соати 8:00 рӯзи 16 май дар ноҳияи Сино, хиёбонҳои Ҷ. Расулов, С. Шерозӣ, кӯчаҳои Маяковский, Шерализода, Абдуллобеков, шаҳракҳои 15, 15а ва 32 қатъ мегардад.

Манбаъ мегӯяд, инчунин аз соати 8:00-и рӯзи 17 то соати 8:00-и рӯзи 18 май интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаҳои Пӯлодӣ, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо, С. Айнӣ, Беҳзод, Н. Муҳаммад, академик А. Адҳамов, гузаргоҳи якуми кӯчаи М. Турсунзода ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М. Турсунзода, Шоҳтемур, Пушкин, Теҳрон, Ш. Руставелӣ ва Бохтар қатъ мегардад.

Шаҳрдорӣ далели ин тасмимро дар пайваст намудани қубури 325 мм дар ин минтақаҳо унвон кард.

Масъулин аз сокинони кӯчаҳои мазкур даъват кардаанд, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои 24 соат захира кунанд.

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе Салимзода Нусратулло, раиси ноҳияи Сино, Ҳакимзода Низом, раиси ноҳияи Шоҳмансур, Самӣ Шариф, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Убайдов, раҳбари Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе”-ро муваззаф сохтааст, ки сокинони ин маҳаллаҳоро бо оби нушокӣ тавассути мошинҳои обкаш таъмин намоянд

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *