Толеъномаи 15 май 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Рӯзи душвор аст. Нимаи аввали рӯз дар касбу коратон душвориву нобарорӣ имкон дорад. Эҳтимол вазъи молиявиатон каме бад мегардад. Нимаи аввали рӯз бонувонро мулоқоти ошиқона интизор аст. Хабар ё вохӯрии ногувор боиси тағйиротҳои манфӣ дар ҳаёти шахсиятон мегардад. Як хобро ду бор такрор бинед, он амалӣ мешавад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Рӯзи ваъдаҳои дурӯғин ва ба доми фиреб афтидан аст. Ба ғалатҳое, ки дар ин рӯз роҳ медиҳед, боиси муноқишаҳои ҷиддӣ ва нофаҳмиҳо мегарданд. Эҳтимоли аз даст додани пулҳоятон вуҷуд дорад. Дар ин рӯз қайчӣ задани нохуну мӯй манъ аст. Нисбати дӯстдоштаатон худхоҳии худро нишон надиҳед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Аз дораи нафарони бадкирдор дурӣ ҷуста, ба умеди пули бе дарди миён нашавед. Ҳодисаи ногаҳоние рух медиҳад, ки бар зарари пешравиҳои шумо аст. Бо вуҷуди ин, худро ба даст гирифта, ба амалҳои беандеша даст назанед. Бо атрофиён муомилаи хуб кунед. Барои вохӯриҳои ошиқона рӯзи мусоид аст.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Беҷуръатии шумо садди роҳи пешравиҳоятон мегардад. Дар назди монеаҳо сар нафароред. Барои муносибатҳои ошиқона рӯзи мусоид аст. Нафарони муҷаррад имкони пайдо намудани бахти худро доранд. Барои хариду ба мағозаву бозор рафтан рӯзи қуллай аст. Саломатии худро эҳтиёт кунед, вагарна табобат тӯл мекашад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Нимаи аввали рӯз дар касбу коратон душвориҳо сар мезананд. Барои нафароне, ки касбу корашонро иваз мекунанд, рӯзи номусоид аст. Корҳои нотамом ба обрӯву нуфузатон таъсир мерасонад. Эҳтимол вазъи молиявиатон бад мегардад. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷуед. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли нотоб шуданатон вуҷуд дорад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз сабру таҳаммулро пеша намоед. Бо ҳамкорони худ ба муросо омада метавонед. Сунбулаҳои муҷаррад бахти худро пайдо месозанд. Саломатии нафароне, ки бештари рӯзро дар берун мегузоранд, нохуб мегардад. Баъди нисфирӯзӣ маблағи хуби пулӣ ба даст меоред.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз ба мушкилиҳои шахсӣ таваҷҷуҳатон бештар мегардад. Айни замон нисбати атрофиён ботаҳаммул бошед, нуқтаи назари худро ба касе бор накунед. Ба ғурур роҳ надиҳед ва рӯзатон хуб ҷараён мегирад. Бо дӯстдоштаи худ муноқиша карданатон имкон дорад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Имкони бобарор гузаштани рӯзатон вуҷуд дорад, ба шарте ки аз робита бо роҳбарияти коргоҳатон  роҳи гурез наҷӯед. Агар нияти сафар дошта бошед, онро ба таъхир нагузоред. Аз шиносоии тасодуфӣ эҳтиёт шавед. Қабл аз он ки нафареро ба дунёи худ роҳ медиҳед, сараввал нағзакак омӯзед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз иродаи мустаҳками худро нишон доданатон лозим меояд. Нисбати атрофиён муомилаи сард накунед. Аз ҳолатҳои моҷароангез бо дӯстдоштаатон дурӣ ҷӯед. Дар акси ҳол гирифтори муноқишаҳои ҷиддие мегардед, ки роҳи халосӣ ёфтанатон душвор мегардад. Эҳтимоли рух додани сӯхтор ё муноқиша бо душман вуҷуд дорад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Нақшаи корҳоятонро тартиб дода, аз рӯйи он амал намоед. Яку якбора аз пайи чанд кор шуда, гирифтори бесарусомонӣ мегардед. Бо сабабҳои ночиз ба асабоният роҳ надиҳед. Вақти бештари худро бо нафарони ба дилатон писанд ва дар ҳавои тоза гузаронед. Бо дӯстдоштаи худ ба осонӣ забон ёфта метавонед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ҷодаи касбу кор ба ягон кори ҷиддӣ машғул нашавед. Аз шиносоӣ бо нафарони хатарнок, вале судманд худдорӣ намоед. Дудилагӣ боиси  асабоният мегардад. Нисбати наздикони худ дағалӣ накунед, рӯзҳои наздик ба маслиҳати эшон муҳтоҷ мегардед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Рӯзи бобарор, аз муноқишаҳо орӣ аст. Оромиву нишотро ҷорӣ намуда, тамоми нофаҳмиву муноқишаҳоро рафъ кардан насибатон мегардад. Муносибат бо шахси дӯстдоштаатон хеле хуб ва меҳру муҳаббататон дучанд мегардад.  Нисбати наздикони худ бепарвоӣ ва сухани дурушт нагӯед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *