Дар Кангурт варзишгоҳи калон месозанд

МИҲД-и вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик варзишгоҳи дорои 6000 ҷойи нишаст сохта мешавад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шудааст.

Тибқи гузориш, масоҳати иншоот 13651 метри мураббаъ буда, ба маблағи 1385000 сомонӣ сохта мешавад. Сохтмон моҳи августи соли 2022 оғоз ёфта, дар иншоот 25-30 нафар бо кор таъмин карда шудаанд.

Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки дар ин минтақа раиси вилоят бо рафти корҳои соҳилбандӣ дар мавзеи рӯдхонаи Оби Тоҳир шинос шудааст.

Корҳои таҳкими соҳилҳо моҳи августи соли 2022 оғоз ёфтанд. Мувофиқи лоиҳа баъди анҷом додани корҳои соҳилбандӣ ва сохтмони варзишгоҳ дар деҳаи Кангурт иншооти иҷтимоию маишӣ ва саноатӣ сохта мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *