Дар масири ҳифзи саломатӣ
Аз фаъолияти Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Аз фаъолияти Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 4 сол пур шуд. Ин сохтор моҳи декабри соли 2017 дар заминаи собиқ хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва назорати давлатии санитарӣ — эпидемиологӣ таъсис ёфтааст. Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти роҳбарии Султон Бекмуродзода фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва дастуру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, корҳои чашмрасро ба анҷом расонда истодааст. Ин гуфта аз таҳлили самтҳои мухталифи ин Хадамот тӯли соли 2020 ва 3 моҳи соли равон бармеояд.
Назорат пурзӯр мешавад
Танҳо соли 2020 дар 857 муасссисаи тандурустӣ санҷиш гузаронда шуд, ки аз ин миқдор 491 санҷиши нақшавӣ ва 366 санҷиши ғайринақшавӣ мебошанд. Вобаста ба камбудиву норасоиҳои ошкоргардида ҳангоми гузарондани санҷишҳо чораҳои дахлдор андешида шуданд. Нисбат ба 323 нафар корманди тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҷозоти маъмурӣ ба маблағи умумии 276 555 сомонӣ тариқи ҷаримабандӣ татбиқ карда шуданд. Барои номуносиб будан ба вазифаи ишғолнамуда нисбати 38 нафар корманди роҳбарикунанда ва андешидани чораҳои интизомӣ нисбат ба 242 нафар корманди тандурустӣ, барои боздиди дараҷанокии тахассусии 29 нафар корманди соҳаи тиб ба унвонии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур карда шудаанд. Ҳатто фаъолияти чанде аз муассисаҳо то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан боздошта шуданд.
Танзими фаъолияти хусусии тиббӣ
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 719 муассисаи хусусии тиббӣ (353 шахси ҳуқуқӣ бо 62 филиал ва 304 шахси воқеӣ) фаъолият мекунанд. Муассисаҳои бисёрсоҳавӣ бо статсионарҳо дар ҷумҳурӣ 78 ададро ташкил намуда, аз 1 804 кат иборат мебошанд. Дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 4159 нафар, аз ҷумла 1 702 нафар табибон, 1 580 нафар кормандони миёнаи тиб, 877 нафар кормандони ёрирасон фаъолият менамоянд. Ҳамчунин, 19 мутахассиси хориҷӣ дар муассисаҳои мазкур кор мекунад.
Назорати давлатии ҳифзи иҷтимоӣ
Соли 2020 дар 118 ташкилоту муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ санҷишҳо гузаронида шуданд. Камбудиҳои асосӣ сари вақт нагузарондани санҷиши эътимоднокии (верификатсия) маълумотҳои пешниҳоднамудаи муроҷиаткунандагон оид ба таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ аз ҷониби бахшҳои ҳифзи иҷтмоии аҳолӣ, нодуруст пешниҳод намудани маълумотнома дар бораи молу мулк ва аъзои оилаи муроҷиаткунанда аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, идораҳои манзилию коммуналӣ ва кумитаҳои маҳал, мувофиқат накардани маълумотҳои дар ариза пешниҳодшуда бо китоби хоҷагии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сари вақт пардохт накардани маблағи кумакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат аз ҷониби филиалҳои “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошанд. Ҳангоми санҷишҳо маблағҳои кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, дар суратҳисоби оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”-и шаҳру ноҳияҳои ба санҷиш фаро гирифташуда бегардиш монда, сари вақт ба ниёзмандон пардохт нагардидааст, ки маблаѓи он 383800 сомониро ташкил медиҳад ва масъалаи мазкур бо дахолати кормандони Хадамот ба ниёзмандон таъмин карда шуд.
Аз натиҷаи санҷишҳо муайян карда шуд, ки ба 6511 оилаи камбизоати дорои кўдак (ё кўдакони) синни то 3-сола ба маблаѓи умумии 3255500 сомонӣ равона гардидааст. Пардохти маблаѓи мазкур теъдоди 5794 нафарро ташкил дода, маблағи он 2897000 сомониро дар бар мегирад. Асосан камбудиҳои дар самтҳои зерин: сари вақт пешниҳод накардани рӯйхати гирандагони кумакпулиҳо аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъсис надодани комиссияҳои маҳаллӣ оид ба санҷиши дурустии маълумотҳои пешниҳоднамудаи муроҷиаткунандагон дар шаҳру ноҳияҳо, сари вақт нагузарондани санҷиши эътимоднокии (верификатсия) маълумотҳои пешниҳоднамудаи муроҷиаткунандагон оид ба таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ аз ҷониби бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сари вақт таъмин накардани ниёзмандон бо кумакпулӣ аз ҷониби филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷой доранд.
Татбиқи қарори 600
Дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустӣ вобаста ба риоя ва татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, № 600 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» санҷишҳо гузаронида шуданд. Дар маҷмўъ, ҳангоми санҷишҳои гузарондашуда нисбати 46 нафар барои роҳ додани камбудиву норасогиҳо муҷозотҳои маъмурӣ бо дастрасии моддаи 123 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли ҷарима ба маблағи 54460 сомонӣ татбиқ карда шудаанд. Асосан камбудиҳои зерин: -гирифтани маблағ бе тартиб додани талонҳои пардохт ва ҳампардохт, бе асос гирифтани маблағ барои ба расмият даровардани таърихҳои беморӣ, беасос расондани хизматрасонии тиббии ройгон ба маъюбони гурӯҳи сеюм, бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба имтиёзҳо расондани хизматрасонии тиббии ройгон, риоя накардани шартномаи бистаркунонӣ байни муассиса ва бемор, дар ҷойҳои муайяншуда овезон накардани нархномаи хизматрасониҳои тиббӣ, дар талонҳои ҳампардохти ройгон қайд накардани маблағи ҳампардорхти хизматрасонии тиббӣ, тартиб надодани дафтари бақайдгирии муроҷиаткунандагони имтиёздошта, расондани хизматрасонии тиббии ройгон дар асоси ҳуҷҷатҳои имтиёзоноке, ки муҳалаташон гузашта, тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳои имтиёзнок ба талабот ҷавобгӯ набуда, баланд бардоштани арзиши хизматрасонии тиббӣ нисбат ба нархномаи тасдиқгардида ва монанди ин ошкор карда шуданд. Хадамот нисбати муассиссаҳое, ки талаботро вайрон карданд, чораҳои дахлдор андешид.
Назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ
Дар давоми соли 2020 дар самти омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содироти Сарраёсати Хадамот ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда мутобиқи нақша корҳои зерин ба анҷом расонда шуданд:
1. Дар бахши маводи доруворӣ.
Дар ҷумҳурӣ воридоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ маблағи умумии 792 945 876 сомониро ташкил медиҳад, ки ин ба 76 120 935 $ баробар мебошад. Аз ҷумла, ёрии башардўстона — 253 599 439 сомонӣ бо доллар 24 041 508 $; барои хариду фўруш — 505 533 346 сомонӣ бо доллар 48 838 816 $; бо мақсади истифодабарӣ 33 813 091 сомонӣ бо доллар 3 240 611 $; содирот дар 12 моҳи соли 2020 бошад маблағи 55 053 735 сомонӣ баробар ба 5 472 897 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
2. Дар бахши маводи ороишӣ — гигиенӣ.
Дар давоми соли 2020-ум рухсатномаҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дода шудааст, ки маблағи умумиашон 485 961 126 сомонӣ бо арзи хориҷӣ 47 052 567 доллари ИМА баробар аст.
3. Дар бахши моддаҳои нашъаовар ва психотропӣ.
Дар дувоздаҳ моҳи соли равон 23 шаҳодатнома барои воридоти маводи нашъадор ва психотропӣ дода шудааст.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 2529 муассисаи фармасевтӣ фаъолият менамояд: дар ш. Душанбе 504 муассисаи фармасевтӣ, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 334 муассисаи фармасевтӣ, дар Вилояти Хатлони минтақаи Бохтар 450 муассисаи фармасевтӣ, дар Вилояти Хатлони минтақаи Кўлоб 310 муассисаи фармасевтӣ, дар Вилояти Суѓд 866 муассисаи фармасевтӣ, дар ВМКБ 65 муассисаи фармасевтӣ.
Дар соли 2020 бо 520 қарору фармоиш фаъолияти 718 муассисаи фармасевтӣ (аз 718 муассисаи зери санҷиш қарордодашуда, 219 муассисаи фармасевтӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ) ва бо 282 қарору фармоиш 295 муассисаи табобатию профилактикӣ ва дар асоси 234 қарор 404 нуқтаи савдои маводи ороишию гигиенӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 880 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 46058 адад аз муомилот гирифта шуданд, ки аз инҳо 598 номгӯй маводи дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 8261 адад, 270 номгӯй маводи дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори 6762 адад ва 12 номгӯй маводи дорувории ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯй набуда, миқдори 31035 ададро ташкил мекунад.
Инчунин, мувофиқи мактубҳои КВД «ЭОМФТ»-и Хадамот бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ (ҲМТ) дар вақти воридот 18 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 748 316 адад ва аз истеҳсоли дохилӣ 2 номгӯй маводи доруворӣ ба миқдори 4683 адад тибқи санад гирифта шуданд.
Соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ ҳангоми санҷишҳо аз нуктаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ 334 номгӯй маводи ороишию гигиении муҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ба миқдори 34934 адад аз муомилот дар асоси санад бозпас гирифта шуданд.
Ҳамзамон, дар 12 моҳи соли 2020-ум аз тарафи шуъбаҳои Сарраёсатҳои назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамот ва дар вилоятҳо 116 869кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кўдаконаи мўҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талаботҳо ҷавобгўй набуда, бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шудаанд.
Дар соли 2020-ум аз тарафи шуъбаҳои назоратии Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 407 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони воқеии муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ тартиб дода, ба маблағи умумии 1 117 909 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд.
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ» ва корхонаҳои воҳиди давлатии дар вилоятҳо будаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар соли 2020-ум 36434 адад маводи доруворӣ аз санҷиш гузаронда шуд. Маводи мазкур 33061 адад аз воридот, 990 адад аз муассисаҳои фармасевтӣ аз муомилот гирифта шуданд. Маҳсулоти аз ташхис гузашта 1333 намуна истеҳсоли ватанӣ (10 намуна барои содирот), 1019 бақайдгирӣ, 542 намуна аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 845 адад ёрии башардўстонаро ташкил медиҳад.
Аз ин миқдор маводи зери ташхис қарордодашуда ба 37263 адад сертификатҳои мутобиқат ва 1057 протоколҳои санҷиш дода шуд ва 199 намунаҳои онҳо бошад, ба талаботи стандартӣ ҷавобгўй набуданд, ки аз ин 66 намунаашон дар вақти воридот, 115 намунаашон аз муомилот ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва 18 намуна истеҳсоли дохилӣ гирифта шуданд.
Ғайр аз ин, 33021 адад маводи ороишӣ ва маҳсулоти табобатию профилактикӣ низ зери ташхис қарор дода шуданд, ки аз онҳо 32167 адад аз воридот, 299 адад аз муомилот ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 555 адад аз истеҳсоли дохилӣ гирифта шуданд. Аз ин миқдор маводи ороишии зери ташхис қарор додашуда, ба 33546 адад сертификати мутобиқат ва 262 протоколи санҷиш дода шуд. 93 намунаи онҳо бошад, ба меъёрҳои стандартӣ ҷавобгўй набуда, аз ин миқдор 89 намуна аз муомилот аз нуқтаҳои фурўш, 4 воридот пешниҳод шудааст.
Ҳоло бо маблағгузории Хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе бунёди озмоишгоҳи таҳлилии биоэквивалентӣ идома дорад.
Ҳадаф аз бунёди ин озомишгоҳ беҳтар намудани фаъолияти таҳлилӣ ва баланд бардоштани сифати маҳсулоти доруворӣ мебошад.
Тамоюли рушди тибби хусусӣ дар ҷумҳурӣ аз соли 2012 то соли 2021
2012 | 2013 | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | 2020 | 2021 | |
Шумораи умумӣ | 508 | 536 | 574 | 689 | 601 | 644 | 663 | 702 (аз ҷумла бо 61 филиал) | 717 (аз ҷумла бо 62 филиал) | 719 (аз ҷумла бо 62 филиал) |
Шахсони ҳуқуқӣ | 223 | 233 | 273 | 342 | 372 | 365 | 358 | 343 | 351 | 353 |
Шахсони воқеӣ | 285 | 303 | 301 | 310 | 229 | 279 | 305 | 299 | 304 | 304 |
филиал | 62 | 62 |
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ