Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои ятимон шаҳрак месозанд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои ятимони кул шаҳрак бунёд мешавад. Ин тасмим ба хотири зиндагии беҳтари онҳо амалӣ карда мешавад.
Иқдоми камсобиқа бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва ташкилоти » Хайрияи Тоҷикистон» амалӣ карда хоҳад шуд. Ба иттилои расида, шаҳрак дар ҷамоати деҳоти Золи Зар бунёд мешавад. Шаҳрак аз хонаҳои истиқоматӣ ва муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ иборат аст.
Саид Шукуров, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Pressa.tj гуфт, ки аллакай санги асоси шаҳраки мавриди назар гузошта шуд.
«Як муассисаи таълимӣ барои 192 хонанда, бунгоҳи тиббӣ ва муассисаи фарҳангӣ сохта мешавад. Барои ятимони кул бошад, 10 хонаи истиқомати бунёд мешавад»,-иттилоъ дод манбаъ.
Аз мақомоти маҳаллӣ ба Pressa.tj иттилоъ доданд, ки феълан дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 34 ятими кул зиндагӣ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир барои 10 ятим хона бунёд мешавад. Дар оянда боз сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар назар аст. Замине, ки барои бунёди хона ба ятимони кул ҷудо шудааст, 2 гектар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ