Дар ноҳияи Дӯстӣ муассисаи таълимии муосир ифтитоҳ мешавад
Дар назар аст, ки дар ноҳияи Дӯстӣ сентябри соли равон муассисаи таълимӣ барои беш аз ҳазор хонанда ба истифода дода шавад. Муассисаи мавриди назар бо саҳми Туркманистон бунёд гардидааст.
Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар муассисаи таълимӣ 90 дарсад корҳои сохтмонӣ ба охир расидааст. Ӯ мегӯяд, корҳои рангуборкунӣ мондааст.
«Муассисаи таълимӣ аз се ошёна иборат буда, дар як баст 540 хонандаро қабул карда метавонад. Замини муассиса ҳам васеъ аст. Дар ҷамоати деҳоти Ҷиликул се гектар замин ҷудо шуда буд», иттилоъ дод номбурда.
Баъд аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон масъалаи ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ дар меҳвари сиёсати Роҳбарияти олии кишвар аст.
Муассисаи мавриди назар ҳам дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркманистон бунёд шудааст.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон туркманзабонҳо низ зиндагӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ