Дар пайравӣ ба Душанбе. Дар Бохтар Маркази ош месозанд
Дар шаҳри Бохтар ҳам Маркази ош бунёд карда мешавад. Ҳанӯз чунин марказ дар ин минтақаи кишвар вуҷуд надорад.
Абдулмаҷид Муминзод, шаҳрдори Бохтар имрӯз, 1 август дар нишасти хабарӣ гуфт, ки аллакай лоиҳаи иншооти мавриди назар омода аст. Ӯ афзуд, ки соҳибкор ҳам барои сохтмони бино пайдо шудааст.
«Оши палав, яке аз хурокҳои миллии мо ба ҳисоб меравад. Бо баъзе соҳибкорон кор карда истодаем. Хоҳишмандон барои сохтмон ҳастанд. Аллакай чанд лоиҳа ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пешниҳод шудааст. Ҷойи мувофиқ пайдо кунем, сохтмон оғоз мешавад»,-гуфт номбурда.
Абдулмаҷид Муминзод мегӯяд, барои бунёди чунин як маркази боҳашамат ҷойи мувофиқ муайян хоҳад шуд.
Шаҳри Бохтар- маркази маъмурии вилояти Хатлон буда, наздики 140 ҳазор ҷамъият дорад. Ҳамчунин садҳо меҳмони дохиливу хориҷӣ барои тамошо ба шаҳр меоянд. Бунёди Маркази ош дар шаҳри Бохтар имдоми ҳанӯз бесобиқа дар вилояти Хатлон аст. Бо сохтмону ифтитоҳи маркази мавриди назар ҳар ҷаҳонгарди хориҷӣ боз ҳам аз таърихи қадима ва соҳиби таъомҳои миллӣ будани миллати тоҷик огоҳ хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ