Дар Русия 130 ҳазор ронандаи таксӣ намерасад
Дар Русия ба далели манъи муҳоҷирон дар кори таксӣ то охири сол 130 ҳазор ронандаи таксӣ намерасад.
Ин пешгӯиро Антон Петраков кардааст.
Петраков, ки директори умури ҳукуматии «Яндекс Go» аст, дар Форуми иқтисодии шарқӣ (EEF) гуфтааст, ҳоло дар 27 минтақаи Русия муҳоҷирон наметавонанд ба таксиронӣ машғул шаванд.
Ба қавли ӯ, ин аз ҷумла ба пурзӯр шудани сиёсати муҳоҷират ва танзими таксиҳо вобаста аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ