Дар Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон рақами ягонаи машваратӣ роҳандозӣ шуд
Барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия рақами ягонаи машваратӣ роҳандозӣ шудааст. Тариқи ин рақам шаҳрвандони кишвар метавонанд, ки кумаки ройгони ҳуқуқӣ гиранд.
Ин хизматрасонии нав дар шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷиҳати расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки машғули кору таҳсил ва иқомат дар қаламрави Русия ҳастанд, ташкил шудааст.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади беҳтар намудани дастгирии шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳалли мушкилоти ҳуқуқии онҳо ҳамарӯза рақами телефони ягона барои машварат фаъол аст.
Тариқи ин рақам +7 (965) 320 55 02 шаҳрвандон метавонанд кумаки ройгони ҳуқуқӣ гиранд, аз ҷумла аз рӯи масъалаҳои вобаста ба қонуншиканиҳои маъмурӣ ва дигар масоили марбут ба будубош (ҳузур) дар Русия.
Машваратҳо аз ҷониби ҳуқуқшиносони соҳибтаҷриба дода шуда, ба ҳар як занг гурӯҳи иборат аз панҷ мутахассис посух медиҳанд.
Ҳамарӯза ба ин рақам, яъне +7 (965) 320 55 02 муроҷиати шаҳрвандон қабул карда шаванд.
Ғайр аз ин, ҷиҳати муҳайё сохтани шароити мусоид барои шаҳрвандон рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз соати 11:00 то 16:00 дар дафтари кории Шӯрои ҷамъиятӣ (суроға: кӯчаи Чаянов, утоқи 302, метрои “Маяковский”, баромадгоҳи 1) рӯзҳои қабул ташкил карда мешаванд, ки дар онҳо ҳуқуқшиносон тариқи ройгон машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ