Дар Русия гирифтани “ВНЖ”вазнинтар шуд

Думаи давлатии Русия 1 октябр тағйирот дар бораи то се сол тамдид кардани ҳамзистӣ ҳангоми ақди никоҳ бастан бо шаҳрванди Русияро барои дарёфти Иҷоза барои иқомати муваққатӣ (РВП) дар Русия қабул кард.

Муаллифони тағйирот раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин ва раиси Кумита оид ба умури ИДМ Леонид Калашников зикр шудаанд.

“Думаи давлатӣ зина ба зина мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи муҳоҷиратро бартараф мекунад», — гуфтааст Володин ба хабарнигорон.

Ӯ зикр кардааст, ки дар варианти аввали лоиҳаи қонун пешбинӣ шуда буд, ки ба шаҳрванди хориҷӣ пас аз ду соли издивоҷ бо шаҳрванди Русия ба таври соддашуда Иҷозаи иқомати муваққатӣ дода шавад.

Дар ҷараёни баррасии ин лоиҳаи қонун (ҳамчунин тағйироти дуюм тасдиқ шуд, ки ба муқобили падарии қалбакӣ равона шудааст.

«Пешниҳод шудааст, ки барои гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) баъд аз фарзандхонии шаҳрванди Русия бидуни бастани ақди никоҳ, ин кор танҳо пас аз се соли зиндагии муштарак ё пешбурди хоҷагӣ имконпазир хоҳад шуд», — гуфт раиси Думаи давлатӣ.

Ӯ бар ин назар аст, ки пас аз ворид намудани ин тағйирот, “бастани ақди никоҳи қалбакӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ барои тезтар гирифтани шаҳрвандии Русия бефоида хоҳад буд”.

Володин бо истинод ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ додааст, ки аз соли 2021 то имрӯз бо мақсади гирифтани мақоми муҳоҷират 4300 ақди никоҳ баста шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *