Дар Сарбанд духтари ӯгай моиндарро оташ зад?(ВИДЕО)

«Дилу ҷигарам барои фарзандам месӯзад. Худо бар душмани кас чунин рӯзро нишон надиҳад»,-ин аввалин суханҳои модари марҳум Ҳалима-Мелихол Қараева буд, ки дар ташкилоти «Наҷоти кӯдакон» дар гурӯҳи «Маърифат» аъзо буда, дар байни занҳои ноҳия ба муқобили зӯроварии хонаводагӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.


«Чандин сол аст, ки дар байни занҳои деҳот ба муқобили зӯроварӣ дарсҳои фаҳмондадиҳӣ мегузарам, вале Худованд маро гӯё кару кӯр кард, ки ҳоли зори фарзанди худамро дида, сари вақт ягон чора андешида натавонистам»,- мегӯяд ин модари аламзада ашки чашмонашро поккунон ва меафзояд,-Духтарам ду бор шавҳар карда бошад ҳам, бахт ба рӯяш нахандид. Ҳалима аз ҳарду шавҳараш танҳо бо сабаби бефарзандӣ ҷудо шуда, дар яке аз ошхонаҳои шаҳри Қурғонтеппа ба кор даромад. Ҳар рӯз 25 сомонӣ, дар маҷмӯъ аз 700 сомонӣ бештар пул мегирифт. Ин маблағ барои хӯрдану пӯшидани худаш кифоят мекард, вале аз куҷое Тағоймурод ном марди 74- сола пайдо шуда, сари шавҳарамро гаранг кард, ки духтаратро ба ман ба занӣ деҳ. Дилам ҳамон вақт пешомади ногувореро ҳис карда, чанд бор ба мардакам гуфтам, ки биё ҳамин духтарро ба ҳоли худаш монем, вале шавҳарам ба ваъдаҳои болохонадори домоди пир дода шуда, ҳаёти духтаракамро сӯхт.
Хулоса, моҳи ноябри соли 2015 Ҳалимаро бори сеюм ба шавҳар дода ба хонаи бахташ, ба деҳаи Боҳтурободи Сарбанд гусел кардем. Духтари мӯйсафед аз рӯзи аввал рашк карда ба духтарам рӯз нишон намедодааст. Мудом «ба ин хона надоро, хонаи модарам аст, ин косаро нақап, косаи модарам буд» гӯён, намемондааст, ки дасташро ба ягон чиз расонад. Ҳалимаи ман табиатан духтари оромтабиат ва бо сабру тамкин буд, неши забони духтарандараш Баҳриро хомӯшона тоқат карда мегашт, вале… Моҳи апрел як писари мӯйсафед ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шуда ба ҳалокат расид. Муносибати Баҳрӣ бо духтарам баъди ҳамин ҳодиса тамоман бад шуда монд. Қариб ҳар рӯз «шумқадами сархӯр, ту сари додарма хӯрдӣ, акнун ман сари туро мехӯрам» мегуфтааст. Ҳамон бегоҳе, ки ин ҳодисаи даҳшатнок рӯй дод, духтарам ба додараш Тоҷиддин занг зада пурсидааст, ки модарам дар куҷост, ман ба ӯ як гапи муҳим дорам. Ҳамон рӯзи шум корам бисёр буд, дертар ба хона баргаштам. Дар сари дастурхон писарам гуфт, ки оча ба апаам занг занед, ба шумо чӣ гапе доштааст. Чанд бор занг задам, телефонашро набардошт. Аз чӣ бошад, ки дилам худ аз худ сиёҳӣ оварда аз пешомади нохуше дарак медод. Гаштаю баргашта телефон кардан гирифтам. Як вақт касе аз он ҷониб алло гуфт. Овози занона, ки буд, духтарам гумон карда пурсидам: «Ҳалимаҷон чӣ хелӣ, чӣ ҳол дорӣ?» Гапамро бурида гуфт: «Биё, мурдаи духтарта бар!” Ҳуш аз сарам парид, хаёл кардам, ки аз сарам як сатил оби ҷӯшомадаро рехтанд. Писаронамро бо худ гирифта бо мошини ҳамсоя ба роҳ баромадем…
Дар беморхона шавҳари Ҳалима ба сари писарам дод зада гуфт:
-Ту худат кистӣ? Кӣ дорӣ, ки ин қадар дағдаға мекунӣ? Куҷоеда даъво мекунен, кардан гирен, аз дастатон ягон чиз намеояд, барои он ки шумо бекасу бенавоед…
Ҳалима пеш аз маргаш чӣ гуфт?
Модари Ҳалимаи ҷавонмарг навореро ба мо дода таъкид намуд, ки ин суханони охирини духтараш аст, онро эҳтиёт намоем. Навори мазкур филмҳои даҳшатангези Голливудро ба ёди кас меорад. Ҳалима чунон сахт сӯхтааст, ки аз дидани андомаш ба тани кас мурғак медамад. Тамоми назокати андоми ҷавонзан ба коми оташ рафта бошад ҳам, аз суханонаш аён аст, ки ақлу ҳушаш баҷост. Ба саволи бародараш «Апаҷон, кӣ шуморо ба ин ҳол овард?» Ҳалима канда-канда чунин ҷавоб медиҳад: «Дар дастам телефон буд, аз дастам кашид, телефон парида рафт. Зора кардам, ки мана накуш, додарома мегӯям, омада мебаранд. Ба гапам гӯш накарда аз дастом кашида мана даруни аловда партофт….»
(Тафсилоти пурра ҳодисаро дар ҳафтаномаи «Оила» мутолиа намоед)

https://www.youtube.com/watch?v=w7lrmRiFVzM&feature=youtu.be

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *