Дар шаҳри Гулистон кӯдакистони “Баҳор” ифтитоҳ шуд

Дирӯз, 29-уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Гулистон бинои Муассисаи давлатии таълимии томактабии рақами 4 ба номи “Баҳор”-ро ифтитоҳ намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, бинои кӯдакистони “Баҳор” дуошёна буда, баъди таъмиру навсозӣ дар доираи тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба истифода дода шуд. Иншооти нави соҳаи маориф бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат навсозӣ гардидааст.

Бинои нав дорои маркази гармидиҳӣ мебошад, ки дар фасли зимистон гармии дохили иншоот тавассути он таъмин карда мешавад.

Ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додаанд, ки кӯдакистони “Баҳор” барои ба таҳсили томактабӣ ва таълиму тарбия фаро гирифтани 240 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

— Дар кӯдакистони “Баҳор”-и шаҳри Гулистон таҳсил бо забони тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда мешавад. Раванди омӯзиши барномаи томактабӣ ба кӯдакон тавассути технологияи муосир сурат мегирад. Бо назардошти шароити муосири таълим, ки бо истифода аз тахтаҳои электронӣ амалӣ карда мешавад, дар маҷмуъ 8 гурӯҳи кӯдакон ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Дар оянда бо истифода аз имконоти фароҳамшуда дар кӯдакистон омӯзиши забони англисӣ низ ба роҳ монда мешавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *