Вазорати маориф: Муноқишаи модари хонанда ва муаллима асос надорад!

Вазорати маориф ва илми кишвар бо пахши иттилоияе ҳузур доштани муаллимаро дар навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахшшуда беасос хонд.

— Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки навори тайи чанд соати охир дар шабакаҳои иҷтимоии “Инстаграм” ва “Фейсбук” пахшгардида, ки дар он муноқишаи ду зан сабт ёфта, гӯё модари хонанда дар муассисаи таълимии №14-и ноҳияи Шаҳринав бо муаллима муноқиша ва ӯро латукӯб мекунад, асоси воқеӣ надорад,- хабар дод вазорат.

Вазорат ҳамчунин зикр кард, ки дар назди муассисаи таълимии №14-и ноҳияи Шаҳринав дар паҳлуи роҳ ҷойи нишаст барои истироҳати сокинон — айвонча (беседка) сохта шудааст, ки ба ҳудуди муассисаи таълимӣ дохил намешавад. Ду нафар сокинони ноҳияи Шаҳринав, ки қаблан хусумати шахсӣ доштаанд, дар он ҷо вохӯрда, бо ҳам муноқиша намудаанд.

Ин хабарро котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Маҳмадзода низ тасдиқ намудааст. Номбурда афзудааст, ки нисбати ин ду нафар аз ҷониби шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳринав чораҳои қонунӣ андешида шудаанд.

Вазорати маориф ва илм аз сокинони кишвар хоҳиш намудааст, ки ба хабарҳои дурӯғу беасос, ки мавқеи омӯзгорро дар ҷомеа паст мекунанд, бовар накунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *