Дар шумораи №31-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Зани девона мешаваму зани ту не”, “Ҷиянам маро муфлис кард”, “Дар 20 сол боре занг назадӣ, падар?!” мутолиа карда метавонед.
Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа зери рубрикаи “Хобнома” таҳти унвони “Тавлиди писар дар хоб чӣ таъбир дорад?” ва “Оташ дар хоб” ба суоли хонандагони ҳафтанома посух дода шудааст.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома оид ба масъалаҳои динӣ посух дода шудааст. Ҳамзамон дар саҳифаи мазкур тақвими намоз барои моҳи август дарҷ гардидааст.
Зери рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст.
Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз суруди нави Ёсамин то аввалин мусоҳибаи Basster” мутолиа намоед.
Дар қиссаи “Домоди ланг” сарнавишти духтаре дарҷ гардидааст, ки бо сабаби бемории модар ва бад будани вазъи зиндагияшон маҷбур мешавад, ки ба хотири табобат ёфтани модараш бо ҷавони пояш иллатдошта оила бунёд кунад. Қисса анҷоми нек дошта, хушбахтӣ ва саодати оилавиеро, ки зан аз ин издивоҷ интизор набуд, таҷассум менамояд.
Зери рубрикаи солимӣ таҳти унвони “Заҳролудшавӣ аз хӯрок” дар боби нишонаҳои заҳролудшавӣ аз хӯрок, роҳҳои кумак расонидан ва табобати бемории мазкур маслиҳатҳои судманд дода шудааст.
“Хостгорӣ” бисёр қиссаи ҷолиб буда, аз соддагиву зудбовар будани ду рафиқ ва ҳамзамон маккору фиребгар будани рафиқи сеюм нақл мекунад. Қисса хеле ҷолиб буда, бори дигар ҳушдор медиҳад, ки инсон бояд зудбовар набошад.
Зери рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи Меҳрнигори Рустам таҳти сарлавҳаи “Хушрӯгии мардро тамошо карда мешинам?” пешкаши ҳаводорону мухлисони ҳунари асил мегардад.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ