Дар Тоҷикистон барои 250 000 нафар ҷойи кори нав ташкил мешавад

Дар Тоҷикистон то  охири соли 2024  беш аз 250 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.

Дар ин бора Қиёмиддин Давлатзода, муовини вазири меҳнат ва муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Давлатзода, ин иқдом ба манзури коҳиши мизони муҳоҷират ва фароҳам овардани шароити кору зиндагӣ барои сокинони кишвар сурат мегирад.

Ҳамчунин, зикр кард, ки шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон на ба далели набудани кор дар Ватан, балки аз сабаби огоҳӣ надоштан дар мавриди мавҷудияти биржаҳои корӣ ба муҳоҷирати корӣ мераванд.

Гуфта мешавад, ки  дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз 190 ҳазор шаҳрвандони кишвар ба муҳоҷират рафтаанд, ки аз ин 180 ҳазор нафарашон ба Русия рафтаанд. Аммо дар муқоиса бо соли гузашта муҳоҷирати корӣ ба хориҷа 74,4 ҳазор нафар ё 28% коҳиш ёфтааст.

Қаблан гуфта шуда буд, ки соли 2023 рафтани муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон 16% коҳиш ёфтааст ва баъди ҳодисаи ҳамла ба “Крокус Сити Холл” ин омор боз ҳам зиёдтар шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *