Дар Тоҷикистон баъзе бахшҳо аз боҷ озод шуданд. Мошинсозӣ ҳам

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиротеро ба Кодекси гумруки кишвар қабул кард, ки бар асоси он баъзе бахшҳо аз пардохти боҷ озод мешаванд.

Аллакай номгӯи молҳое, ки воридоташон аз пардохти боҷи гумрукӣ бе муҳлати амал озод мебошад, мушаххас карда шудааст. Дар ин бора Маҷлиси миллии МН бо қабули тағйирот ба Кодекси гумруки кишвар қарор қабул кардааст.

Бино ба шарҳи узви палатаи болоии парлумон Шарифҷон Ҷумъазода, моддаи 345-и кодекси амалкунанда дар таҳрири нав таҳия шудааст, ки он номгӯи воридоти молҳои аз боҷи гумрукӣ озодшавандаро бе муҳлати амал муқаррар менамояд. «Минбаъд воридоти қисмҳои эҳтиётӣ, маҳсулоти такмилии техника, мошинолоти кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин, маҳсулоти такмилии автомобилҳои сабукрав, боркашу борбардор аз ҷониби корхонаҳои васлу насбкунанда ва истеҳсолкунанда аз боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд»,- мегӯяд ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *