“Тозагии соҳил” дар ноҳияи Сино. Канали Чортут тоза карда шуд

Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе баҳри тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарёву каналҳо ва манбаъҳои обӣ дар канали Чортут-2, ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аксияи экологии “Тозагии соҳил” доир намуд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ, ҳадафи баргузории аксия тоза намудани каналҳои аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо гузаранда, ҷӯйборҳо ва новаҳои обгузар буда, дар ин баробар бо сокинони маҳалла вобаста ба таъмини тозагии муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ суҳбат анҷом дода шудааст.

— Дар ҷараёни аксияи мазкур 160 метри тӯлонӣ канали Чортут тоза гашта, дар ҳаҷми 24 метри мукааб партовҳои сахти маишӣ ва лойқа бароварда шуд,- хабар медиҳад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *