Дар Тоҷикистон мусобиқаи бомиқёс барои футболбозони ҷавон баргузор мегардад

Кӯдакони аз 8 то 14-сола имкон пайдо мекунанд, ки дар лоиҳаи “МегаФон Life бо сабки футбол” иштирок намоянд. Ба ҳайси ташкилкунандагони мусобиқа ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва Лигаи футболи кӯдакону наврасон, ки байни онҳо шартнома оид ба ҳамкорӣ бо мақсади рушди варзиш ва маъмулгардонии тарзи ҳаёти солим миёни кӯдакон ва ҷавонон баста шудааст, баромад мекунанд.

Мусобиқаҳои футбол дар шаҳрҳои калони тамоми кишвар гузаронида мешаванд. Барои иштирок ҳамаи хоҳишмандон дархости худро гузошта метавонанд – масалан, дастаро метавон аз ҳисоби ҳамсинфон ё ҳамсоягон ташкил кард. Мусобиқа барои кашф кардан ва нишон додани истеъдодҳои варзишӣ, санҷидани нерӯи худ ҳангоми бозӣ бо кӯдакон аз шаҳру ноҳияҳои дигар, пайдо кардани дӯстону ҳамфикрон ва, албатта, гирифтани таассуроти барҷаста аз бозии футбол – намуди варзиши дӯстдоштаи миллионҳо нафар имкони хеле хуб хоҳад буд. 

“Ширкати мо кайҳо боз футболи кӯдаконаро дастгирӣ менамояд. Мо дар давоми солҳои зиёд барои бачагон аз хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳо мусобиқаҳо доир мекардем. Доираҳои мусобиқаи нав ниҳоят васеъ ҳастанд: мо ҳамаи хоҳишмандонро барои иштирок даъват менамоем! Агар лоиҳаи “МегаФон Life бо сабки футбол” ба як майдони махсус табдил ёфта, кӯдакону наврасони имрӯзаро ҳамчун ситораҳои асили варзиши тоҷик тарбия намояд, мо хеле шод хоҳем шуд!” – изҳор дошт директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.

“Футбол на танҳо бозист. Ин варзиши даставиест, ки барои муттаҳид сохтани малакаҳои гуногуни шахсӣ ва ҳамзамон такмилу инкишоф додани онҳо имкон медиҳад. Ҳамкорӣ бо ширкати “МегаФон Тоҷикистон” имкон медиҳад, ки қадами муҳим дар рушди футболи кӯдакон гузошта шавад. Ба василаи он садҳо ва ҳазорҳо кӯдакон дар қаламрави ҷумҳурӣ иқтидори худро дар ин самт кашф ва дар амал татбиқ хоҳанд кард”, — мегӯяд директори Лигаи футболи кӯдакону наврасон Абдулло Соқиев.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image