Дар Вашингтон ҳавопаймо ба дарё сарозер шуд
Шоми 29 январ дар шаҳри Вашингтон ҳавопаймо ба садама дучор шуд. Ҳавопаймои мусофирбари American Airlines ба чархболи низомии Blackhawk бархӯрдааст. Дар натиҷа ҳавопаймо ба дарёи Потомак, дар наздикии фурудгоҳи Миллии Роналд Рейган суқут кардааст.
Бояд гуфт, ки дар дохили ҳавопаймо 60 мусофир ва 4 узви экипаж будаанд, аммо шумораи дақиқи мусофирон ва экипаж ҳанӯз тасдиқ нашудааст.
Дар дохили чархболи Black Hawk се сарбоз будаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, фавтидагон низ ҳастанд. Корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ идома доранд, дар ҷойи садама хадамоти фавқулода, қаиқҳо ва чархболҳо кор мекунанд.
Ҳадди аққал 4 нафар аз суқути ҳавопаймо дар пойтахти ИМА зинда мондаанд, онҳоро наҷотдиҳандагон аз об берун оварданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ