«Бисоз Life»: 2,5 маротиба бештар суҳбат намоед!
Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» тарофаи «Биё! Бисоз Life!»-ро нав кард. Аз моҳи феврали соли 2025 ҳаҷми дақиқаҳои дастрас барои истифодабарандагон аз 200 то 500 дақиқа зиёд карда шуд.
Тарофаи «Бисоз Life» — яке аз маъмултарин дар байни муштариёни ширкат мебошад. Ҳар як шахс метавонад мустақилона бастаи хизматрасониҳои алоқаро ташкил карда, ҳаҷми зарурии дақиқаҳо, трафики интернет ва SMS-ро пайваст намояд. Акнун метавонед тариқи телефони мобилии худ бо хешовандон, дӯстон ва ҳамкоронатон бештар гап занед. Ҳангоми «ташкили» тарофа вариантҳое дастрас шуданд, ки то 500 дақиқаро барои зангҳо ба муштариёни тамоми операторони алоқаи Тоҷикистон дар бар мегиранд.
«Тарофаи “созанда”-и мо барои пешниҳоди имконияти интихоби озод ба муштариён таҳия гардидааст. Чуноне маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, маҳдудиятҳои қаблӣ на ҳар вақт талаботи мизоҷонеро, ки бештар зангҳои овозӣ анҷом медиҳанд ва ин навъи муоширатро меписанданд, қонеъ мекарданд. Дар посух ба интизориҳои онҳо, мо ҳаҷми дақиқаҳоро хеле зиёд кардем. Зангҳо дар дохили шабака бемаҳдуд боқӣ мемонанд. Ҳаҷми хизматрасониҳоро мувофиқи хоҳиши худ интихоб кунед ва бе нигаронӣ ҳар қадаре, ки лозим аст, занг занед !» – мегӯяд роҳбари хадамоти маркетинги ширкати «МегаФон Тоҷикистон» — Зебуниссо Эргашева.
Тарофаи навшудаи «Биё! Бисоз Life» -ро дар дилхоҳ маркази хизматрасонии мизоҷон, тавассути замимаи мобилии “МегаФон Life ё тариқи ҳуҷраи шахсӣ дар сомонаи оператор пайваст кардан мумкин аст. Муфассалтар оид ба тарофа бо суроғаи.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ