Дар вилояти Суғд мард занро бо болға зада кушт

Бино ба иттилои корманди РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Муҳсинҷон Юсупов санаи 29-уми ноябри соли 2016, тахминан соатҳои 16:30 дақиқа ҳангоми дар хонаи истиқоматии зани 47-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов қарор доштан, миёни зани 63-солаи сокини ноҳияи зикргардида ва ҳамзисташ, марди 43-солаи сокини ноҳияи Спитамен, ки пеш бо моддаи 244, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, аз сабаби дар ҳолати мастӣ қарор доштанашон, муноқиша ба вуқуъ пайваста, марди 43-сола бо болға якчанд маротиба ба сари зани 63-сола задааст ва дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 Фантазияи қотилон бой мешавад?
О
иди ин куштор одамон бо ҳайрат гап мезаданд. Чаро бо ҳайрат мегӯед? Мардум аз он ҳайронанд, ки чаро рӯзу ҳафтаҳои охир якбора “фантазия”-и қотилон бой шуда, ба ҷойи корд дигар олотҳо, аз ҷумла чизҳое, ки бо онҳо одам куштан ба гӯшаи хаёли кас намеояд, истифода мебурда бошанд. Масалан, ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Деваштич марде занашро бо пиёла зада кушт, дар шаҳри Конибодом бошад, писар бо бел падарашро ба ҳалокат расонид. Дар Хуҷанд як мушти ҳамсоя боиси он гашт, ки ҳамсоя бо зиндагӣ абадан хайрбод бигӯяд. “Аҷоиб давру замоне шудааст” мегӯянд одамон гиребони тавба дошта ва Худоро зорӣ мекунанд, ки ба бандагонаш инсоф диҳад, вагарна…

 Аз ҷабри ҳамсоя хонаамро фурӯхтам

Хонаи касофатбореро, ки ҳамагӣ 5 рӯз пеш  ба хун оғушта буд, пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд пайдо намудем. Он дар бинои фарсудае, ки ба назар лонаи чуғзро мемонд, воқеъ гашта будааст. Раҳораҳ ду ҷавонеро во хӯрда, суроғаи лозимиро пурсон шудам. Яке аз он ҷавонон, ки пештар бо оилаи қотил ҳамсоя будааст, маро то таги дари хона оварда монд ва сар ҷунбонда гуфт:

-Соҳибхона рус аст, феълаш мисли феъли шавҳараш тез, баногоҳ  сахт ё баланд гап занад, ҳайрон нашавед. Ин зану шавҳар зотан одамони бисёр дағал ва ҷанҷолӣ ҳастанд. Чанд сол ман бо инҳо ҳамсоя будам. Дар як подезд зиндагӣ мекардем. Оқибат ҳамсоягӣ бо ин бадмастон, ки ҳатто як рӯз одам барин орому осуда зиста наметавонистанд, ба дилам зад ва маҷбур шудам, ки хонаамро бо нархи нимбуво (ниҳоят арзон) фурӯхта, ҷони худоӣ гуфта гурезам. Барои ҳамин “хона нахару ҳамсоя хар” мегуфтаанд. Шаб ҷанҷол, саҳар ҷанҷол, охир то кай тақар-туқури дару деворро гӯш карда мешинӣ? Ба дили кас мезанад…

Гуфтаҳои ҷавон ба назар “ғайбат” намоянд ҳам, чӣ гуна одам будани соҳибхонаҳоро то андозае равшан менамуданд. Собиқ ҳамсояи Артур аз рӯйи одамгарӣ рақамҳояшро дода гуфт:

-Хоҳарҷон, аз сари эҳтиёт рақамҳои маро бигиред, мабодо ин занак ба шумо зарар расониданӣ шавад, албатта ба ман занг занед! Ин шабу рӯз сараш вайрон аст, барои ҳамин 5-рӯз боз касе ба хонаи ӯ наздик намешавад. Ҳамсояҳо аз он метарсанд, ки мисли гурги гурусна ба одам дар наафтад. Шумо, ки онҳоро намешиносед, ҷуръат карда омадед, вале эҳтиёт шавед. Бинед, ҳамроҳаш гап зада шавад, суҳбат кунед, агар нашуд, ҳаётатонро зери хатар нагузоред….

Ҷавон инро гуфта хайрухуш намуд. Пас аз рафтани ӯ ман занги дарро пахш намудам.

Ранг бину ҳол пурс

Дар ҷавоби занги дар садои ғазаболудае аз даруни хона  ба гӯш расид:

-Кто там?!

Соҳибхона сад бор бо забони русӣ “ту кӣ ҳастӣ?  мегуфт, вале дарро боз намекард.

-Я журналист,-ниҳоят садо баровардам ман.

Зан дарро кушод ва бо қошу қавоқи гирифта пурсид:

-Аз ман чӣ мехоҳед?

Гуфтам, ки танҳо ба як-ду савол ҷавоб гирифтан мехоҳаму халос.

Зан ба девор такя зада, мисли ренген саропои маро синчакорона аз назар мегузаронд. Дудила шуданашро пай бурда гуфтам:

-Вақтатонро зиёд намегирам, агар розӣ бошед, дар дохил ҳамагӣ чанд дақиқа суҳбат кунем?

Ниҳоят соҳибхона бо дили нохоҳам барои вуруд гаштан ба манзилаш иҷозат дод. Аз дар даромадан баробар бӯйи ғализи сигор ба машомам расида, дилам беҳузур шуд. Хона бисёр бетартиб буда, аз он гувоҳӣ медод, ки кайҳо боз дар ҳасрати дидори чангкашак менолад. Сардии тоқатфарсои манзилашро дида, дилам ба ҳоли зан сӯхт, ки дар фасли зимистон чӣ хел дар ин хонаи хунук мехобида бошад.

Галина:

ПИСАРАМ АЗ ДАСТИ ПАДАР ХОНАГУРЕЗ ШУД

Зан оҳи бадарде кашид ва ба чеҳраи сиёҳу кабудаш ишора карда гуфт:

-Ба тамоми саволҳои шумо ҳамин сару рӯйи каб-кабуди ман ҷавоб аст! Беш аз 20 сол боз ҳолам ҳамин аст. Рӯзе нест, ки сиёҳу кабуд набошам. Дар бисотам буду шуд як  фарзанд дорам, вале бечора писаракам аз ҷабри падар хонагурез шуд. Дар Оренбурги Русия зиндагӣ мекунад…

Зан аз баёни ҳодисаи хунине, ки чанд рӯз қабл дар пеши назараш рӯй додааст, дурӣ ҷуста, мехост бо нақли сарнавишти ғамангезаш риштаи суҳбатро ба дигар тараф кашад. Мақсади соҳибхонаро пай бурда, сари мақсад омада, пурсидам:

-Рӯзи 29-уми ноябр байни шавҳари шумо ва як зан муноқиша бархоста, бо куштор анҷом ёфтааст. Дар бораи ҳамин ҳодисаи нохуш нақл мекардед.

Соҳибхона оҳи сарде кашида гуфт:

Он зан ба мо хешӣ дорад. Аз сабаби ҷои зист надоштан 5 рӯз боз дар манзили мо зиндагӣ дошт. Шавҳари ман-ку мард ва феълаш тез аст, худашро ба даст гирифта наметавонад, аммо марҳум ҳам аноӣ набуд, агар вай ҳамчун зан камтар паст мефаромад, шояд кор то ин дараҷа намерасид, вале…

-Сабаби он ҷанҷоли хунин чӣ буд?

-Барои макарон ҷанҷол карданд. Сад бор бо тамоми овоз дода задам, ки бас кунед, вале гапҳои ман “ба гӯши хар азон хондан” барин ягон зарра ба онҳо таъсир накард. Ҳардуяшон мислу мушу гурба туву ман ва часпу талоши бисёре карданд ва оқибат баҳсу мунозираи мастонаи онҳо боиси сар задани фоҷиаи хунин гашт.

-Шумо онҳоро халос накардед?

-Зӯрӣ ман, агар ба шавҳарам мерасид, то имрӯз дағалтар шавад ҳам, мисли хар шаллоқ нахӯрда, худамро ҳимоя мекардам. Кӯшиш кардам, ки халос кунам, вале худам ҳам дар зери мушти шавҳарам мондам. Бинед, таги чашмам ҳоло ҳам варам аст, ду-се рӯз пештар медидед, метарсидед. Чашмонам хун гирифта буданд. Акнун каме беҳтар шуд…

-Фаҳмо! Ин ҷо хонаи баландошёна аст. Ҳавлӣ мебуд, мегуфтем, ки шояд барои таъмири шикасту рехти хона бошад, вале дар сексия болға-молотокро барои чӣ нигоҳ медоштед?

таж бошад ҳам, ин хона ягон ҷои обод надорад. Ҳар рӯз дар, тиреза ё ягон ҷои дигараш ягон айб пайдо мекунад. Барои ҳамин мо дар хона олотҳои устогиро нигоҳ медоштем. Қасд кардагӣ барин, ҳамон рӯзи наҳс он болғаи сархӯр дар рӯйи ана ҳамин миз буд. (Соҳибхона бо мизи дар байни хона гузошташуда ишорат намуд)

Ҷанҷол чӣ хел шуд, лафзӣ ё занозанӣ?

-Аввал ҳарду лафзӣ ҷанҷол карданд, вале баҳсашон торафт бештар авҷ гирифта, косаи сабри шавҳарам лабрез гашт ва Галинаро ду-се мушт зад, вале зан паст наомада, ӯро дашном додан гирифт. Оташи ғазаби шавҳарам аз ҳақоратҳои Галина бештар аланга зад ва болғаро аз рӯйи миз бардошта бо он 5-6 бор ба сараш зад. Хун ба сару рӯйи Галинаи бечора шорида гурсосзанон ба замин афтид ва ҳамон замон мурд.

-Шавҳаратон чӣ гуна инсон буд?

-Барои шавҳари ман зеби зиндагӣ шишаи арақи лаънатӣ буд, на зану фарзанд ва хонаю дар. Ба истилоҳ “яккамахав” буд, на дӯст дошт, на шинос ва ёру ошное, ки ғаму шодиашро қисмат намояд. Қариб, ки ҳар рӯз шикамсерӣ арақ хӯрда маст мешуд ва хонаро ба сараш бардошта, қиёматро қоим мекард. Ҳамсояҳо аз дасти ин майзада ба дод омада буданд, шояд Худоро шукр мегӯянд, ки ҷояш кунҷи зиндон гашт…

Зан бо ҳисси бепоёни нафрат нисбати марде, ки тамоми ҳаёташро ба ӯ бахшидааст, сухан ронда, дар бораи шавҳараш характеристикаи манфӣ медод ва ақаллан як хислати неки ҳамсарашро ёдрас намекард. Вақте акси шавҳарашро пурсон шудем, даст афшонида гуфт:

-Мо мисли дигар зану шавҳарҳо дар ҳар иду айём сурат нагирифтаем. Рӯзи ҳодиса кормандони мақомот ягон акси қотил ё мақтулро пайдо карда натавониста ҳайрон шуданд, ки наход одам дар ҳамин синну сол ақаллан як дона сурат надошта бошад…

  Фарзона Муродӣ

Хуҷанд-Ҷ. Расулов-Хуҷанд

Р/С

Айни замон нисбати гумонбар бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад ва мо аз натиҷаи он шуморо дар шумораҳои минбаъдаи “Оила” огоҳ хоҳем кард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *