Даргузашти профессор Юсуф Нуралиев — идомадиҳандаи мактаби тиби Сино
Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе қалби формокологи машҳури тоҷик, доктори илми тиб, профессор Юсуф Нуралиев аз тапидан бозмонд. Марҳум 87 сол дошт.
Юсуф Нуралиев 5-уми октябри соли 1936 дар деҳаи Нулванди ноҳияи Дарвоз таваллуд шудаааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аст. Ӯ дар соҳаи тиб ва дорусозӣ идомадиҳандаи мактаби Абӯалӣ ибни Сино буд. Китобҳояш «К тайне мумие», (1985), «Лекарственные растения» (Душанбе, 1989, Нижний Новгород, 1990, 1991), «Медицина эпохи Авиценны» (Душанбе, 1981), «Медицинские трактаты Авиценны» (Душанбе, 1982), «Лукмони Хаким» (Душанбе, 1991), «Фитотерапия и потенция» (Москва, 1996), «110 рецептов Авиценны» или «Система лечения Авиценны” (Санкт-Петербург, 1998, 2000 и 2002) ва ғайра бо теъдоди зиёд нашр шуда, аз ҷониби мутахассисон баҳои баланд гирифтааст.
Ӯ созандаи чандин доруворӣ мебошад, ки дар тиб эътироф шудаанд.
Солҳои охир Юсуф Нуралиев дар ҳамкорӣ бо профессор Масъуди Миршоҳӣ (Фаронса) ба омӯзиши бемории саратон ва мубориза бо он машғул буд.
Марги номбурда талафоти азими илми тиби Тоҷикистон аст.
Хабари даргузашти Юуф Нуралиевро Ҳайдаршоҳи Акбар расонаӣ кард. Номбурда дар тавсифи марҳум навишт:
— Бомдоди рӯзи 11-уми майи соли 2023 қалби устод Юсуф Нуралиев, олим ва донишманди бузургу ягона дар риштаи фармакология дар синни 87-солагӣ аз тапидан монд.
Доктори илми тиб, профессор, узви Академияи байналмилалии муҳандисии Русия, узви Академияи улуми тиббии Ҷумҳурии Исломии Эрон, профессори ифтихории Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҳакими Ҳиндустон — инҳо унвонҳое буданд, ки ин марди бузург ва Луқмони Ҳакими тоҷикон соҳиб буданду бо он хоксории табиияшон ҷое ҳам изҳор намекарданд.
Олиме, ки шуҳрату шахсияти шинохтаи ҷаҳониро соҳиб буданду андеша ва назарияҳояшон мавриди зарурати сахти тиби имрӯзаро ҳам доштанд.
Банда солҳои зиёде дар суҳбати ин марди бузургвор будааму дӯстдорандаву эҳтиромгузорашон ва аз мактаби ахлоқии ин донишманди наҷиб истифода намудаам. Ва эҳсос мекунам, ки имрӯз мо куҳи азими илм ва маърифатеро аз даст додаем ва илми ҷаҳонӣ — олими ягона ва нотакрореро.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ