налог

Хатлон: Як шаҳру чор ноҳия нақшаи андозро иҷро накарданд

Нақшаи иҷроиши андоз дар моҳи апреди соли равон дар вилояти Хатлон беш аз 102 дарсад таъмин шудааст. Вале як шаҳру чор ноҳия аз уҳдаи иҷрои нақша ба пуррагӣ баромада натавонистаанд.

Аз Раёсати андоз дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки нақшаи ҷамъоварии андоз дар моҳи апрелро ноҳияҳои Ховалинг, Ёвон, Вахш ва Панҷ пурра иҷро карда натавонистанд. Ҳамчунин, шаҳри Левакант ҳам нақшаро пурра таъмин накардааст. Аз сабаби иҷро нашудани нақшаи андоз ба буҷет беш аз 6 миллион сомонӣ кам ворид гардидааст.

“Шаҳри Левакант 90,1 дарсад, ноҳияҳои Панҷ 97 фоиз, Вахш 98 дарсад, Ёвон 99,5 дарсад ва ноҳияи Ховалинг 83,4 дарсад нақшаро иҷро кардаанду халос”,- афзуд манбаъ.

Ин ҳам дар ҳолест, ки шаҳри Левакант ва ноҳияи Ёвон моҳона аз буҷети маҳаллӣ ба буҷети вилояти Хатлон ҳиссаҷудокунӣ доранд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *