“Дарси ҳаёт”-и Шон МС нашр шуд

Шон МС, ки бо рэпҳои иҷтимоиву ишқиаш миёни мардум маҳбубияти хос дорад, рэпи нави худро бо номи “Дарси ҳаёт” дар ютуб-канали худаш нашр кард.

Шон МС дар рэпи наваш ба “конкурс”-е, ки чанд муддат дар ютуб-каналаш реклама карда буду он нотамом монд, ишора карда, ҳамчун муколама ба модараш чунин мегӯяд:

— Маманя, биё кушем полний темаи инета,

Ҳо ма виноватм ҳам конкурсу ҳам билетда.

Хоб очаҷон, дига ягон бозӣ намегзаронм,

Соҳиби конкурс гуфт суми халқа возврат мегзаронм.

Бояд бигӯем, ки чанде пеш барои “конкурс”-и нотамом, ки Шон МС тарғиб мекард, бисёриҳо зидди ин рэпсаро баромада, ҳатто рэп ҳам хонда буданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир дигар Шон МС дар рӯйхати рэпсароёни сертамошобин нест, зеро бо гузашти як шабонарӯз ҳам онҳоро 15-20 ҳазор тамошобин гӯш мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *